Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд

Март 27, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 27.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Зимни музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон, ки 26 март дар шаҳри Тошканд дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуданд, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ иброз доштанд, ки ҷонибҳо мавқеи ҳамсони худро ҷиҳати ҳалли мушкилот ва таҳдидҳои амниятӣ тасдиқ карданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «мо аҳамияти идома додани ҳамоҳангии ҳамёрӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм ва тундгароии динӣ зикр кардем».

Ҳамчунин, Пешвои миллат илова намуданд, ки зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромилӣ таъкид карда шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 27, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд