ПАЙРОҲАИ ЭҶОД. Намоиши инфиродии рассоми Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Февраль 23, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 23.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши инфиродии омӯзгори кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошии факултети санъати тасвирии донишкада Ҳасан Искандаров таҳти унвони «Пайроҳаи эҷод» ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар намоиш асарҳои Ҳасан Искандаров — «Натюрморти Тоҷикистон», «Пайванд», «Ҳаёт», «Манзараи Зидеҳ», «Кӯҳсор», «Рақси гули баҳор», «Тоҷикон» ва ғайра аз тарафи устодону мутахассисони соҳа баҳои сазовор гирифтанд.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷурахонзода зимни ифтитоҳи намоиш иброз дошт, ки Ҳасан Искандаров яке аз рассомони ҷавони болаёқат дар самти санъати тасвирӣ — живопис аст. Ӯ дар баробари тасвиргарӣ ҳамзамон яке аз омӯзгорони фаъоли донишкада буда, дар роҳи таълиму тарбияи насли нави рассомон нақши арзанда дорад.

Иброз гардид, ки Ҳасан Искандаров аз зумраи он мониқаламоне аст, ки солҳо боз ба рассомӣ машғул буда, бо диди ҷолибу ҷаззобаш асарҳои дилписанд меофарад ва симои нобиғаҳоро тасвир мекунад. Ӯ ҳангоми тасвир бо шеваҳои гуногун ва истифодаи рангҳои ҷолиб асар меофарад, ки шаҳодати диди навпарастӣ ва завқи баланди эҷодиаш аст. Ҳадафи ӯ дар эҷод ифодаи эҳсосоти амиқи инсон ва робитаи ӯ бо табиату ҷомеа тавассути рангҳо буда, дар офаридаҳояш урфу одати миллӣ ва зиндагии ҳаррӯзаи мардуми тоҷикро бештар таҷассум мекунад. Ин омил ҳамчун воситаи ошкорсозии андешаҳо ва ифодаи ҳиссиёти шахсӣ, ки ба инсонҳо барои дарки ҷаҳон ва тасвир намудани хоҳишҳои тахаюлӣ кумак мерасонад, истифода мешавад.

Намоиши асарҳо то 10 март идома меёбад.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Февраль 23, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид