ПАЙВАНДИ ИЛМ ВА ИСТЕҲСОЛОТ. Дар технопарки «Фановар»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол мегардад

Февраль 2, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  аз оғози соли таҳсили  2024-2025  технопарки    «Фановар»-ро  пурра аз таъмири асосӣ  бароварда,  асбобу таҷҳизоташро таъмиру таҷдид намуд. Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти донишгоҳ дар соли 2024  иброз дошт, ки “таъмиру таҷдиди Парки технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  дар асоси дастуру  супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот  бо аҳли илм ва маорифи  мамлакат  баён намуда буданд,  амалӣ карда шуд”.

Таъкид гардид, ки ҳоло донишҷӯёни  факултаи муҳандисӣ –технологӣ  дарсҳои озмоиширо лар парки технологии «Фаровар» мегузаронанд. Дар айни замон  дар парки технологии донишгоҳ    ҳасиб, ҳасибчаҳо дар шакли буғпаз ва дудпаз, макарон, истеҳсоли  консерваҳои мевагию  сабзавотӣ, аз ҷумла хӯришҳо, мураббо, шарбатҳои мевагӣ ва афшураҳои  меваю сабзавот  истеҳсол шуда, дар намоишгоҳҳои  ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба маърази тамошо  гузошта мешаванд.

Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот  бо аҳли илм ва маорифи  мамлакат  30 майи соли 2024  таъкид намуда буданд, ки «вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва муассисаҳои таҳсилоти  олии касбиро зарур аст, ки барои ба талаботи замон мувофиқ  намудани фаолияти  паркҳои технологӣ то охири соли 2024 тадбирҳои дахлдор андешанд».

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 2, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид