Президенти Тоҷикистон: «Дар моҳи мубораки Рамазон ба ятимону маъюбон ва муҳтоҷону дармондагон дасти ёрӣ дароз кардан бисёр муҳим аст»
ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон яке аз амалҳои хайре мебошад, ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст. Чунин баён доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон.
Дар ин бобат Паёмбари ислом фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».
Сарвари давлат иброз намуданд, ки ҳикмати садақа аз назари иҷтимоӣ – ҳамрозу ҳамнавои ҷомеа дар ғаму саодати он будан аст.
«Аз ин рӯ, дар ин моҳи муборак ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону дармондагон, оилаҳои камбизоат ва шахсони басаробон дасти ёрӣ дароз кардан, дар ободии мамлакат ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум саҳм гузоштан бисёр муҳим мебошад.
Масалан, бунёду таъмири муассисаҳои тиббӣ, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо, об баровардан ба маҳалли зисти ҳамдиёрон ё обод кардани манзили зисти оилаҳои камбизоату муҳтоҷ нисбат ба ҳар амали таассубомез арзиши зиёди маънавию иҷтимоӣ ва манфиату савоби бештар дорад», -изҳор намуданд Пешвои миллат.
Таъкид гардид, ки моҳи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат неруи ҷисмонӣ, сабру тамкин ва парҳез аз ғизо, балки озмоиши руҳу равон ва покизагии нияту амали инсон низ мебошад.
«Мо бояд ҳамеша ва хусусан дар моҳи шарифи Рамазон ба якдигар дасти ёрӣ дароз кунем ва хислатҳои неки инсониро риоя намоем.
Дигар аз фазилатҳои бузурги ин моҳ аз он иборат аст, ки шахси мусулмон бояд аз хароҷоти бемавқеъ ва исрофкорӣ, ки боиси мушкилӣ дар рӯзгораш мегардад, худдорӣ намояд», — афзуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зеро доир ба исрофкорӣ дар сураи Аърофи Қуръони маҷид омадааст: «Бихӯреду бинӯшед ва исроф накунед, зеро Худованд исрофкоронро дӯст намедорад».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»








Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ






