«РӮЗИ ИНТИХОБКУНАНДАИ ҶАВОН». Бо гурӯҳи ҷавононе, ки нахустин маротиба дар интихобот иштирок менамоянд, вохӯрӣ доир шуд

Февраль 27, 2025 16:17

ДУШАНБЕ, 27.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории чорабинии ҷумҳуриявии «Рӯзи интихобкунандаи ҷавон», вохӯрии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода бо гурӯҳи ҷавонони фаъол, ки нахустин маротиба дар интихобот иштирок менамоянд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар доданд.

«Рўзи интихобкунандаи ҷавон» тибқи Нақшаи чорабиниҳои якҷояи Комиссияи марказӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд. Мақсад аз ташкили чорабинӣ тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии интихобкунандагони ҷавон, боло бурдани сатҳи фарҳанги интихоботӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо, дарки масъалаи интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ дар ҷомеаи демократӣ мебошад.

Раиси Комиссияи марказӣ ба интихобкунандагони ҷавон оид ба ҷараёни омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоат маълумот дода, гуфт, ки комиссияҳои интихоботӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки шаҳрвандон ҳуқуқи интихоботии худро озодона татбиқ намоянд.

Бо мақсади таъмини шаффофият ва ошкоро будани ҷараёни интихобот тамоми чорабиниҳои дар ин доира баргузоршаванда тавассути воситаҳои ахбори омма таҷассум карда мешаванд.

Раиси Комиссияи марказӣ ба ҷавонон барои иштироки фаъолонаашон дар ташкили аксия ва дигар чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба интихобот изҳори сипос намуд.

Интихобкунандагони ҷавон дар бораи тартиби иштирок дар интихобот, овоздиҳӣ, ҳуқуқи интихоботӣ ва ғайра саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ин гуна чорабиниҳо дар саросари ҷумҳурӣ баргузор гардида, даҳҳо ҳазор нафар ҷавононба онҳо ҷалб карда шуданд.

АКС: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2025 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд