Роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 вохӯрӣ намуданд

Февраль 26, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 26.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 вохӯрӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 хабар доданд.

Раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дар масири таҳкими демократия қарордошта давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои тақвияти мавқеи ниҳоди интихобот дар ҷомеа, боло бурдани эътимоди мардум ба интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ ва таъмини татбиқи самараноки ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон тадбирҳои бунёдӣ меандешад. Дар натиҷа ниҳоди интихобот дар Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди низомсоз эътироф шудааст ва дар шакли комил ташаккул ёфта, фаъолият дорад.

Роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони онҳо барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳоро муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки давлат ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ дар давраи пеш аз интихобот бе мамониат ташвиқот бурданро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Ин аст, ки шуруъ аз 10 феврали соли 2025 дар ҳудуди участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ вохӯрии ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳои дар ҳавзаҳои якмандата бақайдгирифта ва шахсони боэътимоди онҳо бемамониат таблиғоти пешазинтихоботиашонро баргузор намуданд.

АКС: Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3

Февраль 26, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд