Роҳиоҳанчиёни мамлакат нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистонро иҷро менамоянд

Февраль 20, 2025 16:14

ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имконоти транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушду пешрафти иқтисодиёти мамлакат пазируфта шудааст. Ин нукта дар ҳамоише, ки имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо мақсади таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, баён шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш роҳбарияти Роҳи оҳани Тоҷикистон, кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон доир ба самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва нақши он дар рушду пешрафти иқтисодиёти мамлакат, хусусан дар самти татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ ва воҳид табдил додани мамлакат сухан гуфтанд.

Иброз гардид, ки маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат даҳҳо километр роҳҳои оҳан бунёд гардида, инфрасохтори роҳи оҳани мамлакат таҷдид гардид, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва боркашонӣ тавассути роҳи оҳани мамлакат баланд бардошта шуд. Инчунин дар ин давра садҳо мутахассисони касбӣ дар соҳаи роҳи оҳан омода шуданд, ки ба дурнамои рушди соҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ба густариш ва болоравии сатҳи иқтисоди миллӣ мусоидат намуд.

Дар анҷоми ҳамоиш таъкид шуд, ки ҳайати кормандону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ»-ро сармашқи фаъолият қарор дода, бо мақсади таъмини нишондиҳандаҳои он ва бо истифода аз имконияту шароити мавҷудаи корӣ тамоми неру ва саъю талошро барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва рушди соҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон равона менамоянд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Февраль 20, 2025 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
ПОС ДОШТАНИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар ноҳияи Данғара Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — дастур барои ояндаи дурахшон
Ҷанбаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соҳаи инноватсия тавзеҳ дода шуданд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Кумитаи рушди маҳал Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар Саридораи геология оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
БОЗНИГАРИИ ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ СИЁСӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ