САДА-САРОҒОЗИ СУННАТҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Он қадимтарин ҷашни башарият аст
ДУШАНБЕ, 01.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамагон медонанд, ки Сада аз қадимтарин ҷашнҳои башарият мебошад, зеро марбут ба кашфиёти оташ, яъне мансуб ба инсони замони ибтидоӣ аст. Аввалин хуҷастагии ин ҷашн барои мо, тоҷикон дар он зоҳир мешавад, ки он бо гузашти ин ҳама ҳазорсолаҳо, дидани ин қадар муқовимат, ҳама кӯшишҳои аз байн бурдани ҷашн аз ҷониби ҳукмронони он давраҳо аз байн нарафт ва ҳамеша мардуми тоҷик оташи фурӯзони онро дар ниҳоди худ ва ниҳон аз чашми душман дар оташдону оташкадаи хонаҳояшон маҳфуз медоштанд. Яъне, ҷашни Сада ва оташи он аз оғоз пайванди ногусастанӣ бо мардум ва маросиму суннатҳои миллии мо доштааст. Чунин ибрози андеша намудааст дар мавриди ҷойгоҳи Сада Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.
Гузаштагони мо оташро муқаддас мешумориданд ва чунонки маълум аст, суғдиёни қадим ҳангоми рафтан ба меҳмонӣ ба хонаҳои ҳамдигар оташ армуғон мебурданд, ки рамзҳои зиёди неки зиндагиро таҷассум менамуд. Баъзе таомулу суннатҳои оташпарастӣ то ба имрӯз дар маросими мардумии халқи мо истифода мешаванд. Амсоли гулхан афрӯхтану паридан аз болои оташ, оташ афрӯхта, пешвоз гирифтани навхонадорон, давр гардонидани арӯсу домод дар гирди оташ ва ғайраҳо. Ҷашни Сада ҷашни қадимӣ ва миллии мо буда, яке аз нишонаҳои куҳанбунёд ва фарҳангсолор будани миллати тоҷик аст. Ба ин сабаб аст, ки дар баробари расидан ба истиқлолияту озодӣ дар партави худшиносии миллӣ ва дарёфти ҳувияти миллӣ дар қатори дигар ҷашну маросим бо ташаббуси ватандӯстонаи Пешвои миллатамон ҷашни Сада низ эҳёи тоза ёфт.
Хуҷастагии дигари ҷашни Сада ва пайванди маънавии он бо халқи тоҷик дар он ба зуҳур омадааст, ки рамзҳои талқинкунандаи ин ҷашн, мисли парастиши нур ва рӯшноӣ тавъам бо табиати миллати мо мебошанд. Ин хуҷастагии дуюм дар пирӯзии нур бар зулмот ифода меёбад, ки на фақат дар рамзҳои Сада, балки дар дигар ҷашну маросими мо низ ҳузур доранд. Аз ҷумла, дар ҷашни хуҷастаи Наврӯз, ки низ як рамзаш пирӯзии рӯшноӣ аст, зеро пас аз ворид шудани Наврӯз ҳар рӯз пирӯзии нур бар зулмот, яъне кам шудани зулмот ва афзудани рӯшноӣ дар табиат шуруъ мешавад. Миллати мо таърихан рӯшноиро муқаддам бар зулмот медонист ва ин фалсафа ва ғояи рӯшноипарастиро дар таълимоту эҷодиёти бузургонамон метавон фаровон пайдо кард. Яъне, миллати мо миллати равшанзамир ва дилгарму рӯгарм дар зиндагӣ аст.
Ин ки Ҳушанг ҳангоми андохтани санг бар мори сиёҳ оташро кашф кард, низ рамзи мубориза бо бадию неруҳои сиёҳ аст ва нишони он аст, ки гузаштагони некбунёдамон таслимнопазир бо неруҳои бадию сиёҳӣ буда, дар муборизаҳои неку бад ва хайру шарр ҳамеша ҳомии некию адолат будаанд.
Хуҷастагии сеюм дар он зоҳир мешавад, ки оташи ҷашни Сада рамзи созандагию ободӣ аст. Ин оташи муқаддас на танҳо гармӣ ва рӯшноӣ мебахшад, балки яке аз рукнҳои муҳими рӯзгор, маншаи созандагию эҷодкорӣ ва воситаи муҳими рӯзгузаронии башарият аст. Маҳз ҳамин оташи фурӯзон ба бунёду эҷоди бисёр касбу ҳунарҳо мусоидат кардааст. Ва халқи тоҷик, ки халқи ҳунарманду эҷодкор аст, ин оташи созандаро маҳфуз доштааст.
Боз як хуҷастагии дигари ҷашни Садаро метавон гуфт, ки он низ мисли тамоми ҷашнҳои дигари мо хайрхоҳонаву некманишона аст, яъне ҳадафҳояш нек ҳастанд, хайрхоҳонаю инсондӯстонаанд, аз ин рӯ ба дарди ҳама мардум, ба розу ниёзи ҳама халқи олам мехӯранд. Аз ин рӯ мо мебинем, ки маросими миллии мо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО, сокинони кишварҳои мухталифи олам низ бо муҳаббату самимият пазироӣ меёбанд ва пайи ҳам ҷаҳонӣ мешаванд. Албатта, сарсупурдагӣ ва кӯшишҳои ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистонро дар ин ҷода наметавон нодида гирифт.
Оқибат хуҷастагии дигари ҷашни Сада дар ягонагӣ, баҳамоии мардум, аз як гиребон сар баровардани онҳо, ки раҳнамои сулҳу ваҳдат аст, зоҳир мешавад. Ҳар ҷашну маросими миллии мо, аз ҷумла ҷашни Сада халқро ба ҳам меорад, ҳаммарому ҳаммақсад мегардонад, зеро такя ба армонҳои миллӣ ва розу ниёзи мардум дорад, ки ҳадафҳояшон нек аст.
Дар ҳошияи ин гуфтаҳо метавон хулоса кард, ки ҷашну маросими миллии таърихии мо дар баробари талқини ваҳдату ягонагию сарҷамъӣ заминаҳои маънавии баландро пайгирӣ мекунанд. Бубинед, ҳар ҷашну маросим мақсаду ҳадафу идеяҳои баланду неки инсонӣ: покизагӣ, озодагӣ, созандагӣ, ҳунармандию санъаткорӣ ва зебоипарастӣ ба дунбол доранд.
Аз ҷумла, ҷашни Наврӯз ҷашни эҳёи табиат, ҷашни сарсабзию шукуфоӣ, ҷашни оғози зиндагию рӯзгори нав, ҷашни тавлид, ҷашни коштани донаҳои умеду армон аст.
Ҷашни Тиргон ҷашни муноҷот ба об аст, ки низ бо худ ҳадафҳои нек мебарад, чун об рӯшноӣ ва манбаи нур буда, ҳама файзу баракат дар замин аз об аст.
Ҷашни Меҳргон ҷашни ҳосили ин киштаҳоро бардоштан, фаровонӣ серию пурии рӯзгори инсонӣ аст.
Ва бад-ин тариқ, ҷашни Сада ҷашни оташ, яъне нуру гармию рӯшноӣ, ҷашни раҳоӣ аз зулмот аст.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
К-аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Як нуктаи дигарро бояд иброз намуд, ки он, бешубҳа, нишони хуҷастагии адабиёт, каломи бадеъ ва сеҳри қалами бузургони мо аст. Бубинед, аксари маълумоти дорои қимати таърихию асотирие, ки мо имрӯз оид ба ҷашнҳои миллии худ дорему бар он такя мекунем, боз ҳам ҳамон навиштаҳои безаволи адибону олимонамон, хусусан Ҳаким Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар фарзандони хуҷастаи миллати мо мебошанд. Аз ин рӯ асарҳои безаволи бузургони мо, хусусан «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ назир надорад, ки дар баъзе мавридҳо ҳамчун ягона сарчашмаи маълумоти бебаҳо оид ба таърихи қадимии мо мебошад. Оид ба Сада, Меҳргон, Наврӯз; оид ба қаҳрамонони миллӣ, чунончи, Рустаму Сӯҳробу Сиёвуш; аввалин шоҳони каёнӣ: Ҷамшеду Фаридуну дигарон; аввалин Парчами ориёӣ, садҳо маросим ва шахсияту ҳодисаҳои таърихӣ ва рамзҳои дигар имрӯз сарчашмаи шодоби далелу маълумот маҳз ҳамин «Шоҳнома»–и безаволи Фирдавсии бузург аст.
Мо дар хусуси қадимтарин ҷашни миллии худ- Сада ва бузургтарин ҷашнҳои миллиамон- Меҳргону Наврӯзу Тиргон сухан кардем, ҳол он ки теъдоди ҷашну маросим, расму таомул ва анъанаю суннатҳои миллии мардумии мо хеле зиёд аст. Аз ҷиҳати теъдод хеле зиёд будани ҷашну маросими миллии тоҷикон нишони табъи равшану дурахшон ва тафаккури эҷодкоронаю созанда доштан ва ҳунарпеша будани халқи куҳанбунёди мо мебошад. Тамоми ин суннату маросим, хусусан Садаю Наврӯзу Меҳргон таҷассуми симои зебои фарҳангию маънавии мардуми тоҷик, халқи табиатан эҷодкор ва зотан шоири мо мебошад.
Хуҷастатарин вижагии маросим, оину суннатҳои миллии мо дар он баён мегардад, ки онҳо на фақат армони миллӣ, фарҳанги қадимӣ, орзую ҳадафҳои баланди халқи моро муаррифӣ мекунанд, балки аксарашон ифодакунандаи армонҳои баланди башарӣ ҳастанд. Яъне орзуву омол ва армонҳои тамоми мардуми дунё, тамоми башар дар онҳо инъикос ёфтааст. Магар ин нишони хуҷастагии миллати мо нест?!
Ончунон ки Пешвои миллатамон борҳо дар суханрониҳояшон баён доштаанд, ҷашнҳои миллӣ, суннатҳо ва фарҳанги дурахшони миллии мо пайваста дар олам мақоми байналмилалӣ касб мекунанд. Баъд аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардидани «Шашмақом», «Фалак», шаҳри қадимии Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ва ҳунари мардумиамон «Чакан» ва ғайра боиси ифтихор ва сарфарозии мо, тоҷикон аст. Имрӯз кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат бар он равона шудаанд, ки фарҳанг, суннату ҳунар ва дигар падидаҳои маърифатию таърихии мо низ аз ҷониби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ эътироф гарданд. Он рӯз дур нест, ки мо ба ин армонҳои неки худ низ расем. Ва чунонки Президенти Тоҷикистон дар яке аз паёмҳояшон гуфта буданд, «аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихию фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад».
Инак, дар ҷашни Сада гулхани меҳру муҳаббати халқи фарҳангдӯст ва нексиришти тоҷик, гулхани истиқлолияту озодӣ ва ваҳдату ягонагии халқамон дар осмони ватани соҳибистиқлоламон парафшон хоҳад шуд, то дар партави дурахшону сафобахши он мо боз ба ҳам оем ва нурҳои фурӯзони онро рӯшании роҳи фардои истиқлолияти бебаҳои давлати азизамон гардонем.
ОТАШИ СОЗАНДА
Ҷашни Садаи Меҳан аз сад сада меояд,
Бунёди ҷаҳолатро оташ зада меояд.
Ин оташи зулматкуш аз умқи ниҳоди мост,
Ин машъалаи тобон симои садоди мост.
Ин миллати оташдил дар соати меъодаш,
Ин машъаларо афрӯхт аз оташи бунёдаш.
Яъне ки ҳазорон сол дар умқ ниҳон медошт,
Анвори муқаддасро дар маъбади ҷон медошт.
Чун аз сари нанг омад, чун санг ба санг омад,
Оҳанги Ҳушанг омад, зебову қашанг омад.
Бар рағми шабони сард ин меҳр фурӯзон бод!
Ин оташи созанда як умр ба ҷавлон бод!
Дар партави ин оташ асли ману мо пайдост,
Пайғоми сафои Ҳақ то авҷи само пайдост.
Афрӯхт ҷаҳонро боз ин оташи зулматсӯз.
Дар оташи ишқи пок, эй дӯст, ту ҷон афрӯз!
Ҷашни Сада эҳё шуд дар кишвари тоҷикон,
Бо шаъни ватандорӣ бо файзу фари шоён.
Ин маҳзари нору нур, ин ҳолаи сури мост,
Арғушти малоикҳо дар оташи нури мост.
Бо оташи оташҳо афрӯхтан омӯзем,
Кину ҳиялу ғамро андохтаву сӯзем.
Имрӯз биё аз нав тоҷи шараф афрӯзем,
Гулхан ба шаб афрӯзем, сози шааф афрӯзем.
Ин оташи аҷдодӣ бигзор фурӯзон бод,
Ин меҳр ба сад ишқу изҳор фурӯзон бод!
Бо рақси аҳуроӣ, бо шогуни зардуштӣ
Дар оташи зулматсӯз аз байн равад зиштӣ.
Дарвозаи Наврӯз аст ҷашни Садаи Меҳан,
Бигзор фурӯзон бод оташкадаи Меҳан!
АКС аз бойгонӣ