САДАМАҲОИ НАҚЛИЁТӢ. Бо вуҷуди кам гардидани теъдоди онҳо дар соли 2024 ин масъала ташвишовар боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 17.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар Тоҷикистон 1233 садамаи нақлиётӣ сабт гардид, ки дар муқоиса ба соли 2023 — 122 ҳолат кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 552 нафар ба ҳалокат расид, ки нисбат ба соли 2023 — 33 ҳолат кам мебошад. Инчунин 1353 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин хусус 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Бо вуҷуди коҳиш ёфтани шумораи садамаҳои нақлиётӣ дар давраи ҳисоботӣ ин масъала ҳанӯз ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад»,-гуфт Рамазон Раҳимзода
Коршиносон иброз медоранд, ки ҳолати садаманокӣ дар роҳҳои мошингарди мамлакат асосан аз интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, хусусан ронандагони воситаҳои нақлиёт вобастагии калон дорад.
Сабабҳои асосии садамаи нақлиётӣ суръати аз меъёр зиёд, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобил ва идораи воситаи нақлиёт ва дар ҳолати мастӣ мебошанд. Инчунин бештари садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон ва велосипедронҳо ба амал омада, аксари фавтидагон дар садамаҳои роҳу нақлиётӣ пиёдагарду мототсиклрон ва велосипедронҳо мебошанд.
Баланд намудани суръати ҳаракат дар роҳ, ҳангоми мастӣ рондани воситаи нақлиёт, набастани тасмаи бехатарӣ, дар вақти рондани нақлиёт суҳбат кардан бо телефон, аҳамияти ҷиддӣ надодан ба иштирокчиёни роҳи пиёдагард аз ҷумлаи сабабҳое мебошанд, ки дар ҳолати пешгирии онҳо метавон шумораи ҳодисаҳои нохушро коҳиш дод.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, садамаҳои нақлиётӣ ба иқтисодиёти хонаводаҳо ва ҷомеа зарари бузурги иҷтимоӣ, моддӣ ва демографӣ мерасонанд. Сеяки дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалокшудагонро одамони синни фаъолтари қобили меҳнат (26-40-сола) ташкил медиҳанд. Тақрибан 20 фоизи осебдидагон бар асари садамаҳои нақлиётӣ маъюб мешаванд. Зарари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои автомобилгард аз зарари ҳамаи дигар садамаҳои нақлиётӣ (ҳавопаймоҳо, киштиҳо, қатораҳо ва ғайра) бештар аст.
Дар ин замина ҳамасола аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ байни наврасону ҷавонон амалиёти «Бачаҳо», «Пиёдагард» ва «Чорроҳа» гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 15 феврал аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон дар ҷумҳурӣ амалиёти навбатии «Пиёдагард» оғоз шуд, ки то 25 феврал идома меёбад.
Мақсад аз гузаронидани амалиёти «Пиёдагард»- коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо садамаҳои нақлиётӣ дар саросари ҷумҳурӣ маҳз бо иштироки пиёдагардон ба амал меоянд, ки боиси нигаронӣ мебошад.
Яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъалаи пешгирии танбашавӣ ва садамаҳои нақлиётӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ тарғибу ривоҷ додан ва муносибатҳои эҳтиромона байни ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ (ронандагони ҳама гуна воситаҳои нақлиёт, мусофирон, пиёдагардон) ва риояи қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон мебошад.
Аз ин рӯ аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карда мешавад, ки дар амалиёти «Пиёдагард» фаъол бошанд. Инчунин талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






