Ширкати «Париматч» дар Тоҷикистон бо як сафир шартномаро тамдид карда, сафири нав қабул намуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси ширкати «Париматч» дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки меҳмонон, шарикони рушд ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат нишасти матбуотӣ доир гардид. Зимни ниасти матбуотӣ Ширкати «Париматч» шарномаи ҳамкориро бо сафири худ — футболбози дастаи «Вахш» Фатҳулло Фатҳуллоев барои як соли дигар тамдид намуда, бо Клуби марказии варзиши артиш — КМВА-и Душанбе ҳамчун сарпарасти генералӣ шартномаи нави ҳамкорӣ баст. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар ин ширкат хабар доданд.
Дар оғози нишаст гуфта шуд, ки Фатҳулло Фатҳуллоев фаъолияти худро дар ҳайати «Динамо»-и Душанбе оғоз кардааст. Соли 2008 ба «Истиқлол» пайваст ва дар он ҷо чандин унвонҳои миллию байналмилалиро соҳиб шуд, аз ҷумла соли 2012 барандаи Ҷоми раиси КФО шуд. Дар ҳайати тими мунтахаби наврасон ва ҷавонон низ бозӣ кардааст. Соли 2007 бори аввал ба тими мунтахаби Тоҷикистон даъват шуд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 60 бозӣ карда, 9 гол задааст.
Сипас, дар доираи нишаст ширкати «Париматч» бо сарпарасти генералӣ- Клуби марказии варзиши артиш — КМВА-и Душанбе барои як сол шартнома баст. Ёдрас мешавем, ки Клуби марказии варзиши артиш — КМВА-и Душанбе соли 2022 дар бозиҳои Ҷоми КФО иштирок намуда, мақоми намоёнро ишғол намуд.
Фатҳулло Фатҳуллоев, футболбози дастаи «Вахш» ва Хабир Давлатов, директори Клуби марказии варзиши артиш — КМВА-и Душанбе гуфтанд, ки онҳо аз пайвастан ба «Париматч» — сарпарасти варзиш дар Тоҷикистон ба ҳайси сафир ва сарпараст хушҳоланд. «Ҳамзамон онҳо омодагии худро барои ширкат дар лоиҳаҳо ва фаъолсозии муштарак барои оммавӣ гардонидани футбол дар Тоҷикистон изҳор доштанд», — таъкид карданд дар ширкати «Париматч».
Дар хотимаи нишаст байни иштирокдорон ва варзишгарони намуди футболи мамлакат оид ба фаъолият ва нақшаҳои ояндаашон суолу ҷавоб доир шуд.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
«Париматч» яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ мебошад, ки давоми солҳои рушди фаъол ба яке аз пешсафони арсаи Аврупо табдил ёфтааст. Руҳияи мубориза ва кӯшиш ба рушдро «Париматч» тавассути сафирон ва дар ҳамкорӣ бо тамғаҳои ҷаҳонии варзишӣ тарғиб мекунад. Ширкат яке аз фаъолтарин бозигарони бозори маркетинги варзишӣ буда, бо федератсияҳо ва дастаҳои пешрафта ва маъруфтарин ҳамкорӣ мекунад. Бозии масъулиятнок яке аз афзалияти асосии ширкат мебошад.
Дар Тоҷикистон «Париматч» дар рушди варзиш фаъолона иштирок мекунад ва аз 12 августи соли 2020 инҷониб шарики расмии беттингии Ҷом ва Суперҷом, инчунин Лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад.
АКС: ширкати «Париматч» дар Тоҷикистон


















Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






