Шоми мусиқии Болливуд дар Театри давлатии академии опера ва балети Душанбе танинандоз мегардад
ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26-27 феврал, соати 18:30 дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе шоми мусиқии Болливуд доир мегардад. Лоиҳа бори аввал охири моҳи ноябр ба мардум муаррифӣ шуда, аз ҷониби тамошобинон хеле гарм пазируфта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин театр иттилоъ доданд.
Ба барномаи «Шоми Болливуд», ки охири моҳи феврал ба нақша гирифта шуда, барномаи тирамоҳро такрор менамояд, саундтрекҳои маъруф аз филмҳои барҷастаи синамои Ҳинд дар гузашта ва имрӯз дохил шудаанд. Оркестри симфонӣ оҳангҳои чунин филмҳо: «Сангам», «Хоҳиши қасосгирӣ», «Алибобо ва 40 роҳзан», «Ом Шанти Ом» ва ғайраро иҷро менамояд. Дар барнома ҳамагӣ 19 баромад мавҷуд аст – қисми вокалиро солистони опера Нарзулло Болтуев, Амонуллои Нурулло, Гулнигор Зиёева, Мунзифа Исоева, Мария Мирзоева, инчунин ҳунармандони меҳмон Маърифат Қурбонова, Мавҷигул Саидзода, Ғайрат Пӯлотов месароянд.
Дирижёри Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ Аъзамхон Ахмедов барои баргузории Шоми мусиқии Болливуд ба Душанбе омадааст. Ӯ роҳбарии мусиқии лоиҳаро ба уҳда гирифтааст ва дар оянда бо маэстро ҳамкории нав дар назар аст.
Дар консерт инчунин хори академии театр таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Елена Тиллоева иштирок дорад.
Шомҳои мусиқии филмҳо дар ҳаёти фарҳангии пойтахт ба падидаи гуворо табдил ёфта, тафсири ҳиндии онҳо ҷавонон ва ҳатто тамошобинони зиёдеро аз минтақаҳо ба толори театр меорад.
Тавре директори театр ва ташаббускори лоиҳа Камолиддин Сайфиддинзода мегӯяд, «театр рисолати оммавӣ гардонидани мусиқии симфониро ба уҳда мегирад ва ин, тавре ки амалия нишон медиҳад, хеле муваффақ аст. Мо кӯшиш мекунем, ки ин лоиҳаҳои эҷодӣ репертуари асосии классикиро пурра намоянд».
Дар баробари баргузории шакли нави консертҳо театр намоишҳои опера ва балет таҳия ва моҳи марти соли равон ба Париж сафар менамояд. Ин аввалин сафари мустақили ҳайати театр ба кишварҳои хориҷӣ мебошад.
АКС: Рустам Юлдошев








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






