Шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз афзоиш меёбад. То аввали соли 2025 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ 10 миллиону 497 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин матлабро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз намуд, ки дарозумрӣ низ дар мамлакат зиёд гардидааст, ки ин нишонаи болоравии сатҳи зиндагии мардум мебошад. Инчунин омили дигари дарозумрӣ рушди иқтисодӣ, кам кардани фавти кӯдакон, кам шудани фавт байни аҳолии қобили меҳнат, инчунин кам кардани истеъмоли машруботу тамоку мебошад.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2024 нисбат ба соли 2023 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 4,8 фоиз зиёд шудааст. Зиёдшавии сабти таваллуд дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёдшавии бақайдгирии таваллуд 2,0 фоиз, дар вилояти Хатлон 3,3 фоиз, Суғд 3,7 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7,0 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 9,9 фоизро ташкил медиҳад. Коэффитсиенти умумии таваллуд ва коэффитсиенти умумии фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 24,2 ва 3,2 нафар рост меояд. Инчунин дар мамлакат шумораи занон 49,3 фоиз ва мардон 50,7 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи таҳқиқоти коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, соли 2050 бори аввал дар таърихи башарият шумораи шахсони аз 60-сола боло дар ҷаҳон аз теъдоди кӯдакони то 15-сола бештар хоҳад шуд.
«Дар Тоҷикистон шахсони аз 100-сола боло 230 нафар мебошанд, ки 112 нафарро занон ташкил медиҳанд», — иттилоъ дод директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид






