ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, якшанбе, 47-умин рӯзи соли 2025 аст

Февраль 16, 2025 08:00

16 феврали соли 1903 аввалин маротиба барои пурра намудани дандонҳо  фарфор истифода гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1968 аввалин маротиба дар таърихи истифодаи телефон рақами  хадамоти кумакрасонии фавқулода – 911 ба истифода дода шуд.

***

16 феврали соли 2005 Ҷамъияти  саҳомии   муштараки  Русия  ва  Тоҷикистон -Неругоҳи барқи  обии  «Сангтӯда – 1» таъсис ёфт.

***

16 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

***

16 феврали соли 2010 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай барои мубориза бо терроризмро, ки яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатҳои аъзои созмон мебошад, ба тасвиб расонид.

***

16 феврали соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини саривақтии нафақа машварати корӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе машварати Тоҷикистон ва Кувайт оид ба масъалаҳои рушди туризми байналмилалӣ доир шуд.

***

16 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.

***

16 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо  корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуданд.

***

16 феврали соли 2022 дар Душанбе ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мусоидат барои амалигардонии ҳадафу афзалияти рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лени Монтиел баррасӣ гардид.

16 ФЕВРАЛ:

Рӯзи барқарорсозии давлати Литва.

Февраль 16, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, ҷумъа, 283-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, панҷшанбе, 282-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, чоршанбе, 281-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, душанбе, 272-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, якшанбе, 271-умин рӯзи соли 2025 аст