ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 феврал, сешанбе, 35-умин рӯзи соли 2025 аст

Февраль 4, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1985  қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи манъ намудани шиканҷа қабул гардид.

***

Соли 2004 Марк Сукерберг сомонаи «Thefacebook»-ро дар суроғаи thefacebook.com фаъол намуд. Сомонаи иҷтимоӣ – Facebook  машҳуртарин ва бузургтарин сомона дар ҷаҳон буда, Марк Сукерберг аз ҷумлаи сарватмандтарин шахсони олам ба шумор меравад.

***

4 феврали соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми «Шабакаи ташкилоти шарикон оид ба обтаъминкунии устувор ва ҳолати санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

***

4 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои он ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, Раиси шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъул ҷаласаи нахустини ин Шуро баргузор гардид.

***

4 феврали соли 2015 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ шуд.

***

Соли 2016 дар дафтари намояндагии Фонди рушди «Институти таҳқиқотии АвруОсиё» маросими супоридани Диплом ба барандагони озмуни донишҷӯии ба номи Дмитрий Менделеев ва Михаил Ломоносов баргузор гардид.

***

Соли 2016 дар Тоҷикистон сомонаи расмии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳо дар самти таъмини ҳуқуқи инсон (http://khit.tj) фаъол шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарҳадот, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва зерсохторҳои он ба вазифаҳои роҳбарӣ таъйин гардида буданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

***

4 феврали соли 2021 дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки масоҳати умумиаш 700 гектарро ташкил медиҳад, дар бунёди боғи нави интенсивии сиёҳолуи навъҳои «Стенлей» ва «Венгерка» дар масоҳати 5 гектар иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 дар Варзишгоҳи миллии пойтахти Чин маросими ифтитоҳи Бозиҳои 24-уми зимистонаи олимпӣ баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки соли 2022 дар вилояти Суғд беш аз 2,1 ҳазор иншооти таъйиноти гуногун бунёд, таъмир ва навсозӣ гардиданд

4 ФЕВРАЛ:

 Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории саратон.

***

Дар Шри-Ланка – Рӯзи истиқлол.

***

Дар Ангола – Рӯзи муборизаҳои мусаллаҳона.

Февраль 4, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш