Тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Сафир/Мудири Шуъбаи авруосиёии Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария Мулиел Пеневейре мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳоро оид ба тақвияти ҳамкории гуногунсамтаи дуҷониба ва бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин 18 феврал Шараф Шерализода бо Сардори Маркази истиқболи байналмилалии шаҳри Берн Ребекка Гфеллер мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳоро оид ба татбиқи ҳамкории Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария бо Маркази истиқболи байналмилалии шаҳри Берн, бахусус муаррифии имконияти таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария









Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






