ТАВАҶҶУҲ! Шаҳрвандони Тоҷикистон минбаъд имкон доранд сарҳади байни Русия ва Беларусро бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан гузаранд
ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд имкон доранд, ки сарҳади байни Русия ва Беларусро бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан убур намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, 11 январи соли 2025 Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус дар бораи эътирофи мутақобилаи раводид ва дигар масъалаҳои марбут ба вуруди шаҳрвандонн хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки 19 июни соли 2020 ба имзо расида буд, эьтибори қонунӣ пайдо намуд.
Дар асоси изҳороти расмии вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Беларус, Созишномаи мазкур тартиби гузаштан аз сарҳади муштараки Русия ва Беларусро, ки қаблан танҳо барои шаҳрвандони ин ду кишвар боз буд, барои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ низ танзим мекунад.
Тибқи Созишнома, тарафҳо раводидҳоеро, ки ҳуқуқи вуруд ва будубош дар қаламрави Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларусро медиҳанд, инчунин аломатҳои убури сарҳади берунии Давлати Иттиҳодро эътироф мекунанд.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки вуруд, хуруҷ, будубош ва (ё) гузашти транзитиро дар қаламрави Русия ва Беларус бо низоми раводид анҷом медиҳанд ва раводиди яке аз ин ду кишвар, инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аз ҷониби ҳарду давлат эътирофшударо доранд, метавонанд ба қаламрави ҳарду давлат ворид ё аз он хориҷ шаванд, дар қаламрави ҳарду давлат тибқи муҳлати раводид будубош кунанд ё аз қаламрави ин ду давлат гузариши транзитӣ анҷомм диҳанд.
Агар барои шахсони номбаршуда дар як кишвар низоми бидуни раводид ва дар кишвари дигар низоми раводид амал кунад, пас барои ворид шудан ба кишвари охирин ва дар он ҷо будан, ба ғайр аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, раводид лозим аст.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки иҷозати истиқомати муваққатӣ, иҷозатномаи истиқомат ё ҳуҷҷати иштирок дар чорабинии байналмилалии як кишвар ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият доранд, ҳуқуқ доранд дар давоми муҳлати амали ҳуҷҷатҳои зикршуда бидуни раводид ба қаламрави кишвари дигар ворид ва аз он хориҷ шаванд, дар он қаламрав будубош ва ё тариқи он транзит кунанд.
Муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Русия ва Беларус аз рӯзи ворид шудан ба қаламрави яке аз ин кишварҳо аз қаламрави давлати сеюм ҳисоб карда мешавад. Созишнома ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки вуруди онҳо ба қаламрави яке аз ду давлат маҳдуд аст, дахл надорад.
Воридшавӣ ба қаламрави Русия ва Беларус ҳам тавассути гузаргоҳҳои байналмилалӣ дар сарҳади давлатӣ ва ҳам бевосита тавассути роҳҳои истифодашавандаи алоқаи байналмилалии роҳи оҳан ва ҳавоӣ, инчунин ба воситаи роҳҳои алоқаи автомобилӣ, ки дар замимаи Созишнома номбар шудаанд, имконпазир аст. Айни замон, Созишнома шаш қитъаҳоро пешбинӣ кардааст: Юховичи – Долостси (Опочка – Новополотск), Езерише – Невел (Киев – Санкт-Петербург), Лиозно – Кругловка (Витебск – Смоленск), Редки – Красная Горка (Минск – Москва), Звенчатка – Дубовичка (Бобруйск – Москва), Селище – Новозибков (Гомель – Брянск).
Убури қитъаи хушкӣ дар сарҳади Русия ва Беларус бо роҳҳои дигар иҷозат дода намешавад ва ҳамчун вайрон кардани сарҳади давлатӣ арзёбӣ карда мешавад.
Ҳамин тариқ, бо эътибор пайдо кардани Созишнома шаҳрвандони Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки сарҳади байни Русия Беларусро бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан убур кунанд (аз соли 2020 маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буданд, ба асоси онҳо шаҳрвандони кишварҳои сеюм ва шахсони бешаҳрвандӣ метавонистанд аз қаламрави Русия ба Беларус ва баъакс танҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ сафар кунанд). Акнун шаҳрвандони мо имконият доранд, ки тавассути қаламрави Беларус ба минтақаҳои ғарбӣ ва шимолу ғарбии Русия тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан сафар кунанд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид






