«ТО ТАВОНӢ ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН». Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши илмию амалӣ дар шаҳри Самарқанд иштирок намуд

Февраль 14, 2025 11:12

ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 феврал ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши илмию амалӣ таҳти унвони «То тавонӣ дӯстонро гум макун» дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илм, масъулони соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, маориф, фарҳанг, зиёиён ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.

Иштирокдорон ва намояндагони Тоҷикистон зимни суханронӣ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу субот ва рушди минтақа, хусусан бо давлатҳои ҳамҷавор ба таври мушаххас иброз намуданд.

Тавре маълум аст, миллати тоҷик дар дарозои таърих ҳамеша фарзандони фарзонае тарбия намудааст, ки онҳо барои миллати хеш ва дигар халқият хизматҳои шоён анҷом додаанд.

«Яке аз барҷастатарини онҳо, ки барои шаклгирии давлати навини тоҷикон саҳми бузург гузоштааст, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои арзандаи Устод Айниро арҷ гузошта, номи ӯро на танҳо дар дохили мамлакат, балки фаротар аз марзҳои он гиромӣ медорад ва ёдашро ҷовидонӣ месозад», — тазаккур доданд иштирокчиён.

Ҳамчунин дар доираи ҳамоиш ҳайати Тоҷикистон барои боз ҳам ғанӣ гардонидани фонд ва ороиши экспозитсияи толорҳои хона-музейи Устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд ба он китобҳо, аксҳо, маводи осорхонавӣ вобаста ба ҳаёт ва эҷодиёти Устод тақдим намуд.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 14, 2025 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид