Занону модарон чӣ ҳуқуқ ва имтиёзҳои иловагии меҳнатӣ доранд?

ДУШАНБЕ, 26.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст. Бо ин мақсад дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд, ки ҳуқуқу манфиатҳои занони ҷумҳуриро ҳифз менамоянд. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо аст. Барои огоҳ шудан аз имтиёзҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнат ва то кадом андоза бархурдор будани занҳо аз ин итиёзҳо бо сардори шуъбаи экспертизаи давлатии шароити меҳнати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Саидмурод Шарифзода суҳбат намудем.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расидани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо», «Барномаи давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имконияти баробари мардон ва занон», «Барномаи давлатии дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» аз ҷумлаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва тадбирҳое мебошанд, ки ба иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷомеа мусоидат менамоянд.
Қонун истифодаи меҳнати занонро дар корҳои зеризаминӣ, вазнин ва зарарнок манъ намудааст
Ба иттилои Саидмурод Шарифзода, тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ аз бекорӣ ҳуқуқ дорад.
«Қонунгузорӣ дар баробари сатҳи ақалли ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатӣ, ки хоси тамоми кормандон мебошад, барои занон кафолатҳои иловагӣ муқаррар намудааст. Чунончӣ, корфармоён ҳуқуқ надоранд, ки танҳо бо сабаби ҳомиладорӣ ё фарзанддорӣ занонро ба кор қабул накунанд ва музди меҳнаташонро кам кунанд. Инчунин қонунгузор ба кор қабул накардани занонеро, ки фарзанди то сесола ва агар яккаю танҳо бошанд, фарзанди то чордаҳсола (фарзанди маъюби то шонздаҳсола) доштаро низ манъ менамояд»,-изҳор дошт Саидмурод Шарифзода.
Илова бар ин иброз гардид, ки дар заминаи моддаи 216 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2014 қарор қабул намуд, ки дар он манъ будани истифодаи меҳнати занонро дар корҳои муайян, аз ҷумла корҳои зеризаминӣ, вазнин ва зарарнок, борбардорию боркашии дастӣ, аз меъёри барои онҳо қабулшуда зиёд кор фармудан ва доираи онро пешибинӣ менамояд. «Қонунгузор ба корфармо ҳуқуқ надодааст, ки занони ҳомиларо ба кори шабона, кор дар рӯзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, изофакорӣ ҷалб намояд, ба сафари хизматӣ фиристонад, инчунин онҳоро аз рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бозхонд намояд»,-чунин баён медорад ҳамсуҳбати мо.
Корфармо ҳуқуқ надорад занонро ба изофакорӣ ҷалб намояд
Ҳамзамон бояд изҳор дошт, ки ба корфармо ҳуқуқ дода нашудааст, ки занонеро, ки кӯдаки то чордаҳсола доранд, инчунин дигар шахсонеро, ки кӯдаки то синни чордаҳро бе модар тарбия менамоянд, кормандонеро, ки аъзои бемори оиларо нигоҳубин мекунанд ё кӯдакони маъюбро тарбия менамоянд, бе розигии хаттии онҳо ба кори шабона, изофакорӣ ва ба кор бо усули вахтавӣ ҷалб намояд, инчунин ба сафари хизматӣ фиристад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо бо занон иброз дошта буданд, ки «занону духтарон ҳамчун неруи фаъол ва пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистон бояд минбаъд низ дар фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои бонкдорӣ, илму маориф, соҳибкорию тиҷорат ва дигар бахшҳо нақши мустақиму озод дошта бошанд. Яъне, ғамхорӣ дар ҳаққи занону духтарон ва ҳарчи бештар ба корҳои давлату ҷомеа ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар маркази диққати ҳукумати мамлакат қарор дорад. Зеро рушду устувору муназзами ҷомеа бе иштирок ва саҳми фаъоли занону духтарон ғайриимкон мебошад».
Саидмурод Шарифзода иброз медорад, ки қонун ба заноне, ки кӯдакони то 14-сола доранд, имтиёз медиҳад, ки танҳо рӯзона кор намоянд. Чунин имтиёз нисбат ба заноне, ки кӯдакони маъюби то 16- сола доранд, бояд татбиқ гардад. «Корфармо ҳуқуқ надорад, ки занонро ба изофакориҳо ва ба кор дар рӯзҳои истироҳату ид ҷалб намояд. Инчунин занони ҳомила ва занҳоеро, ки кӯдаки то сесола доранд, ба сафари хизматӣ фиристад. Қонун муҳлати рухсатиро, ки барои занони ҳомила то таваллуд ва баъди он дода мешавад, бе ягон шарт барои ҳамаи онҳо як хел муқаррар намудааст. Барои корфармо варақаи корношоямӣ, ки аз ҷониби муассисаи тиббӣ дода шудааст, асоси пешниҳоди чунин рухсатӣ мегардад. Дар ҳамаи ҳолатҳои ҳомиладорӣ рухсатии ҳомиладории пеш аз таваллуд ҳафтод рӯзи тақвимӣ муқаррар карда шудааст. Ҳангоми таваллуди муътадил рухсатии баъди таваллуд ҳафтод, дар ҳолати таваллуди мушкил 86, барои таваллуди ду ва ё зиёда тифл 110 рӯзи тақвимӣ муқаррар карда шудааст»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми давраи рухсатии ҳомиладорӣ ба занҳо ба андозаи пурраи музди меҳнат кумакпулӣ тибқи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ пардохт карда мешавад. Баъди ба итмом расидани рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд бо хоҳиши зан барои нигоҳубини кӯдак то ба 1,5-солагӣ расиданаш рухсатӣ дода, ба ӯ тибқи суғуртаи иҷтимоӣ тамоми ин давра дар ҳаҷми 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо кумакпулӣ пардохт карда мешавад. Бо хоҳиши зан ҳамчунин барои нигоҳубини тифл то ба сесолагӣ расиданаш рухсатии бепули иловагӣ дода мешавад. Аз рухсатии нигоҳубини тифл падари кӯдак ва дигар хешу табори падару модар ё васияе, ки воқеан кӯдак дар нигоҳубинаш мебошад, ҳуқуқи истифодаи рухсатии пулакӣ барои нигоҳубини тифлро доранд. Чунин ҳуқуқи истифода дар ду ҳолат ҷой дошта метавонад, яъне бо хоҳиши худи зан ва берун аз иродаи ӯ- марги зан, касалии дуру дароз ва вазнин, аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум гардидан.
Ба заноне, ки фарзанди маъюби то 16-соларо парасторӣ менамоянд, моҳе як рӯзи истироҳати иловагӣ дода мешавад
Қонун барои кормандон ҳамчун қоидаи умумӣ танаффус барои дамгирӣ ва хӯрокхӯрӣ пешбинӣ намудааст. Илова бар ин, ба заноне, ки кӯдаки то 1,5-сола доранд, барои маконидани кӯдакашон танаффуси иловагӣ дода мешавад. Танаффуси иловагӣ баъди ҳар се соат ва ба муддати на камтар аз сӣ дақиқа пешбинӣ шудааст. Муддати танаффус на камтар аз як соат метавонад муқаррар шавад, ба шарте, ки зан ду ва ё зиёда кӯдаки то 1,5-сола дошта бошад. Ба вақти ҳар се соат на танҳо вақти корӣ, инчунин танаффуси дамгирӣ ва хӯрокхурӣ низ дохил мешавад. Шумораи танаффуси иловагӣ ба давомнокии рӯзи корӣ вобаста буда, ду бор дода шудани он мумкин аст. Ба зани ҳомила ва зани ба нигоҳубини тифл ва аъзои бемори оила машғул барои дар як вақт ба кор низ машғул шудан имтиёз дода мешавад. Имтиёзҳо дар шакли рӯзи нопурраи корӣ ва ҳафтаи нопурраи корӣ муқаррар шудаанд. Ба заноне, ки фарзанди маъюби то 16-соларо парасторӣ мекунанд, моҳе як рӯзи истироҳати иловагӣ дода мешавад ва музди он ба андозаи музди меҳнати якрӯза аз ҳисоби маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт карда мешавад.
Тавре Саидмурод Шарифзода изҳор медорад, рухсатии асосии ҳарсола ба занони ҳомила ва таваллудкарда дар асоси пешниҳоди аризаи хаттӣ мутобиқан пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё баъди рухсатии нигоҳубини кӯдак, сарфи назар аз собиқаи кори онҳо дар ташкилот дода мешавад. Ба занҳое, ки ду ва ё фарзанди то 14-сола ё фарзанди маъюби то 16-сола доранд, инчунин ба модарони яккаву танҳое, ки фарзанди то 14-сола ё фарзанди маъюби то 16-сола доранд, рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо дар вақти барояшон мувофиқ дода мешавад.
«Ба занҳое, ки ду ва ё фарзанди то 14-сола ё фарзанди маъюби то 16-сола доранд, бо хоҳиши онҳо ҳар сол ба муддати на камтар аз 14 рўзи тақвимӣ рухсатии бемузди меҳнат дода мешавад. Ин намуди рухсатиро занҳо метавонанд якҷоя бо рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола ё бо мувофиқаи корфармо алоҳида пурра ё қисм ба қисм истифода намоянд»,-иброз медорад мавсуф.
Қатъи шартномаи меҳнатӣ бо занони ҳомила ва заноне, ки фарзанди то сесола доранд, мумкин нест
Баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон, хусусан занҳо аз риоя нашудани ҳуқуқҳояшон аз ҷониби корфармо шикоят менамоянд. Онҳо бештар аз он мушкилоте, ки ҳангоми ҳомиладорӣ рӯ ба рӯ мешаванд, изҳори ташвиш мекунанд. Тавре онҳо мегӯянд, бархе корфармоҳо ҳангоми ҳомиладорӣ бо баҳонае шартномаи кориро бо онҳо қатъ менамоянд. Дар робита ба ин масъала ҳамсуҳбати мо изҳор намуд, ки шартномаи меҳнатиро бо занони ҳомила ва заноне, ки фарзанди то сесола (то 16-солаи маъюб), модарони танҳо-ҳангоми доштани фарзанди маъюби то 16-сола бо ташаббуси корфармо қатъ кардан мумкин нест, ғайр аз ҳолатҳои пурра барҳам хӯрдани ташкилот, ки дар ин ҳолат ба қатъи шартномаи меҳнатӣ танҳо баъди ҳатман бо кор таъмин намудани онҳо иҷозат дода мешавад.
«Дар мавриди пурра барҳам хӯрдани ташкилот қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо ин гуна занон ба як шарт иҷозат дода мешавад. Шарти мазкур аз он иборат аст, ки занон ҳатман бояд бо кор таъмин шуда бошанд. Бо кор таъмин кардани занонро вориси ташкилоти барҳамхӯрда ба уҳда мегирад. Агар чунин ворис набошад, он гоҳ дар интихоби кор ва бо он таъмин кардани занҳо мақоми давлатии шуғли аҳолӣ ҳатман ёрӣ мерасонад. Дар давраи дарёфт намудани ҷойи кори нав, яъне бекорӣ мақоми шуғли аҳолӣ аз ҷониби занон гирифтани кумакпулиеро, ки қонун муқаррар намудааст, таъмин менамояд», — афзуд Саидмурод Шарифзода.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»