35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб таъмири биноҳои баландошёна идома дорад
ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмири биноҳои баландошёна ва сохтмони майдончаҳои варзишӣ бомаром идома доранд.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Алишер Бобоҷонзода иброз дошт, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ айни замон таъмири асосии биноҳои баландошиёна дар се маҳаллаи шаҳр ва бунёди майдончаҳои варзишӣ идома доранд.
Тибқи иттилои масъулин, аксар биноҳои баландошёна солҳои тулонӣ таъмир нагардидаанд. Инчунин дар байни онҳо иншооти ёрирасони худсохт бунёд гардидаанд, ки ба меъёрҳои шаҳрсозӣ мутобиқ нестанд. Биноҳои баландошёна таъмир гардида, ин иншооти ёрирасон бартараф карда мешаванд. Ба ҷои онҳо биноҳои замонавӣ бунёд мегарданд, ки ба шаҳр ҳусни дигар зам мекунанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






