Абубакри Розӣ аз зумраи нобиғаҳоест, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ саҳми калон гузоштааст

Март 3, 2025 08:36

ДУШАНБЕ, 03.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон 1160-солагии файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ (865-925) таҷлил карда мешавад. Ӯ аз зумраи он нобиғаҳоест, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ саҳми калон гузоштааст. Асарҳои тиббии ӯ «Ал-ҳовӣ» ва «Тибби Мансурӣ» ба мисли «Ал-қонун»-и Абуалӣ ибни Сино асрҳо дастури табибони Шарқу Ғарб буданд. Дастовардҳои илмии Розӣ дар соҳаҳои физика, риёзиёт, фалсафа ва амсоли инҳо то имрӯз арзиши илмии худро гум накардаанд.

Муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Алоуддин Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ иброз дошт, ки дар рушди илми асримиёнагии Шарқ хизмати донишмандону мутафаккирони тоҷик хеле бузург аст. Хуршед Зиёӣ дар идомаи матлаб чунин изҳори назар кард:

-Саҳми донишмандону мутафаккирони тоҷикро ба эътибор гирифта, аз ҷумла дар назди бинои ЮНЕСКО ҳайкали чор нафар донишманди бузург– Ибни Сино (980-1037), Абурайҳони Берунӣ (973-1048), Абубакри Розӣ (865-925) ва Умари Хайёмро (1048-1131) гузоштаанд.

Аз ҷумлаи донишмандони бузурги тоҷику форс, олими ориёинажод Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар тамоми Шарқу Ғарб машҳур буда, дар рушди фалсафа, тиб, астрономия, физика, химия ва илмҳои дигар хизматҳои сазовор намудааст. Ба қалами ӯ зиёда аз 184 таълифоти илмӣ тааллуқ доранд, ки муҳимтаринашон «Ал-ҳовӣ» ва «Китоби тиббии Мансур» мебошанд. Ба нигоштаи академик Мусо Диноршоев, Абубакри Розӣ, «пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои тиб ва фалсафа дода, ба химия ва илмҳои дигари табиатшиносӣ низ машғул мегардид».

Абубакри Розӣ аз ҷавонӣ ба омӯзиши маъданҳо, махсусан фулузот оғоз карда буд. Ӯ фулузро иборат аз симоб, сулфур (сера) ва намакҳо медонист. Барои маърифати табиати маъданҳо ин олим се унсур – хосияти мавод, асбоб ва амалиётро муҳим медонист.

Бори аввал дар таърихи химия ӯ маводро ба минералҳо, растаниҳо ва ҳайвонот тақсим намуд. Минералҳоро Абубакри Розӣ аз шаш навъ иборат медонист: «руҳ» (спирт, маводи бухоршаванда), ҷисмҳо ё фулузот, сангҳо, сулфати мис — купорос (хока), бӯрак (бӯр, сода ва ғайра) ва намакҳо.

Дар таълифоти Абубакри Розӣ таҷҳизоте, чун колба, истакон, гармкунакҳо ва ғайра гуфта шудаанд. Ӯ амалиёти химиявиро, аз қабили обшавии ҷисмҳо, софкунӣ, тақтир, сахтшавӣ, булӯршавӣ ва ғайра тавсиф намудааст.

Бори аввал дар таърихи инсоният Абубакри Розӣ дар Бағдод шифохона ё госпитал бо маънии комили он таъсис дод, ки бо забони тоҷикӣ – «бемористон» номида мешуд. Дар ин бемористонҳо дафтарчаи бемор бурда шуда, дар онҳо шуъбаҳои занона ва мардона дар алоҳидагӣ фаъолият менамуданд. Дар ин муассисаҳо ҳам муолиҷа мекарданд ва ҳам мутахассисонро таълим медоданд.

Абубакри Розӣ барои пешгирии нағзак эмкуниро ба кор мебурд. Ӯ бори аввал таҷҳизотро барои гирифтани ҷисмҳои бегона аз гулӯ ва истифодаи маводи махсусро барои дӯхтани ҷарроҳӣ пешниҳод намуд.

Олим ба интихоби мавзеъ барои сохтмони бемористонҳо тавсияҳо дода, зарурати махсусгардонии ихтисоси табибонро таъкид доштааст. Зеро, ба қавли ӯ, як табиб наметавонад ҳамаи бемориҳоро табобат кунад. Ӯ ёрии қаблии тиббӣ ба ниёзмандонро амри хеле муҳим шумурдааст».

Осори илмию адабии донишманд аз асрҳои XV инҷониб диққати аҳли илмро ба худ ҷалб намудааст. Маҳз китоби «Тибби руҳонӣ» ва «Этикаи пизишк», ки аз бобҳои гуногун иборат мебошанд, метавонанд роҳнамои маънавии табибони ҷавон дар пайроҳаи касбият шаванд ва ба қуллаҳои баланди инсонӣ раҳсипор созанд.

Бояд гуфт, ки Абубакри Розӣ ба масъалаҳои тарбияи ахлоқию маънавӣ низ диққати махсус дода, барои бартарафсозии душвориҳои ҳаёти одамон панду маслиҳатҳои муфиду ҷолиб баён намудааст. Дар ҷараёни таълиму тарбия мутафаккир дар ҷои аввал ақли солимро мегузорад ва баъдан тамоми рафтори инсониро дар асоси ақлу хиради ӯ баҳогузорӣ менамояд. Ба омӯзгорону мураббиён тавсияҳо медиҳад, ки онҳо дар роҳи тарбия аз толибилм ё донишҷӯ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд малол ва озурда гарданд. Омӯзгор ҳамчун шахси наздик ва роздону меҳрубон мунтазам аз ҳолу зиндагии шогирд бояд бохабар бошад. Ӯ қабл аз ҳама, бо рафтору амали худ ва баъдан бо гуфтору таълим бояд намунаи ибрат бошад.

Омӯзиши ҳамаҷонибаи осори гаронбаҳои Абубакри Розӣ саҳм ва нақши ӯро на танҳо дар таърихи илму фарҳанги тоҷикон, балки дар таърихи тамаддуни башарӣ бештар маълум менамояд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 3, 2025 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид