Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба шаҳри Женева сафар намуд

Март 1, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар ҷаласаи 12-уми умумии Парламенти байналмилалӣ оид ба таҳаммулпазирӣ ва сулҳ ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ  созмони байналмилалӣ аст, ки бо такя ба усулҳои демократия, баробарӣ, бародарӣ ва эҳтироми фарҳангу эътиқоди қавму миллатҳои гуногун фаъолияти худро бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва шартномаҳо пеш мебарад.

Ҳадафи асосии шуро ноил шудан ба сулҳи ҳақиқӣ ва пойдор барои тамоми башарият тавассути паҳн намудани фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар байни кишварҳо мебошад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид