«АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ-КАФИЛИ СОЛИМӢ ВА ДАРОЗУМРӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ гузаронида шуд

Март 1, 2025 11:12

ДУШАНБЕ, 01.03.2025. АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи  ҳадафҳои «Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии озуқаворӣ» ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзуи «Амнияти озуқаворӣ-кафили солимӣ ва дарозумрӣ» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дастёбӣ ба истиқлолияти озуқаворӣ ва амнияти ҷумҳуриро яке аз ҳадафҳои стратегии давлат арзёбӣ намуданд. Дар ин самт махсусан таъкид гардид, ки бахши дигари муҳими иқтисодиёти миллӣ кишоварзӣ мебошад, ки амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи тавсеаи он вобастагӣ дорад.

Новобаста аз афзоиши талабот ба молу маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳои давлатӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳамаи захира ва имконият самаранок истифода бурда, рушди манбаъҳои соҳаи кишоварзиро таъмин менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки дар шароити болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ Барномаи амнияти озуқавории мамлакатро барои панҷ соли оянда қабул ва амалӣ намоянд.

Нақши донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ дар омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда низ бағоят муҳим аст. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки яке аз донишгоҳҳои пешбари омодасозии мутахассисони баландихтисос дар соҳаи саноати хӯрокворӣ мебошад, дар доираи талаботи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ аз рӯйи 9 ихтисос мутахассисони соҳаҳои муҳими технологияи хӯрокворӣ, назорати сифат ва бехатарии озуқаворӣ ва дигар самтҳоро омода менамояд.

Дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуъҳои «Бехатарии озуқаворӣ дар истеҳсоли шарбати меваҳо», «Бехатарии ғизо-омили солимии инсон» ва «Моддаҳои фаъоли биологии ашёи хоми растании маҳаллӣ дар таъмини сифат ва бехатарии махсулоти озуқаворӣ» маърузаҳо шунида шуданд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Март 1, 2025 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад