Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар НБО «Роғун» бошукуҳ таҷлил карда шуд

Март 26, 2025 21:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 март бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — эҳёгари Наврӯз» бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, аҳли зиё, кормандони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, кормандони неругоҳ ва аъзову фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Меҳмонон нахуст бо  Неругоҳи барқии обии «Роғун», ки василаи рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти Тоҷикистон буда, боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, шинос шуданд.

Масъулони неругоҳ меҳмононро бо минтақаҳои сохтмон шинос намуда, аз баста шудани маҷрои дарёи Вахш, ки шахсан аз ҷониби Сарвари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шуда буд, ёдовар шуданд.

Дар идома меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва анаъанҳои наврӯзӣ, ки хоси миллати тоҷик буда, бисёр рангину зебо ороста шуда буд,  шинос шуданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки аз соли 2008 инҷониб Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарсти маънавии сохтмони Неругоҳи барқии обии  «Роғун» буда, роҳбарият ва аъзои он мунтазам дар ин иншооти аср чорабиниҳои гуногунро ба хотири болидагии руҳи кормандони он баргузор менамоянд ва заҳмати шабонарӯзии онҳоро қадршиносӣ карда, ин кохи нурро, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷикистонӣ мебошад, байни мардуми кишвар ва берун аз он мавриди таблиғу ташвиқ қарор медиҳанд.

Таъкид карда шуд, ки воқеан Неругоҳи барқии обии  «Роғун» ба як мактаби бузурги дӯстиву бародарӣ ва сулҳофарӣ табдил ёфтааст ва боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ки ин сифатҳо ба арзишҳои Наврӯз тавъам мебошанд.

Бо ифтихор иброз гардид, ки бо Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шукуҳу нусрати хосса дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва Сарвари давлат Наврӯзро «Шоҳномаи шаҳриёрони миллат, таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсозӣ тоҷик»  номиданд.

Дар қисмати фарҳангӣ санъаткорон бо рақсу сурудҳои дилнишин ва мутантан хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.

Дар анҷом аз номи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолону собиқадорони ҳизб бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, ба чанд нафар аъзои ба тозагӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон

Март 26, 2025 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ду агрегати аввалини НБО «Роғун» то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст»
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 18 ҳазор коргарон ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони НБО «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар НБО «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳо дар майдончаи сохтмонии №5А-и НБО «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар сарбанди рӯди Оби Шӯри НБО «Роғун» шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар баромадгоҳи нақби нақлиётии НБО «Роғун» дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд