Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар НБО «Роғун» бошукуҳ таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 март бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — эҳёгари Наврӯз» бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, аҳли зиё, кормандони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, кормандони неругоҳ ва аъзову фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Меҳмонон нахуст бо Неругоҳи барқии обии «Роғун», ки василаи рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти Тоҷикистон буда, боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, шинос шуданд.
Масъулони неругоҳ меҳмононро бо минтақаҳои сохтмон шинос намуда, аз баста шудани маҷрои дарёи Вахш, ки шахсан аз ҷониби Сарвари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шуда буд, ёдовар шуданд.
Дар идома меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва анаъанҳои наврӯзӣ, ки хоси миллати тоҷик буда, бисёр рангину зебо ороста шуда буд, шинос шуданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки аз соли 2008 инҷониб Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарсти маънавии сохтмони Неругоҳи барқии обии «Роғун» буда, роҳбарият ва аъзои он мунтазам дар ин иншооти аср чорабиниҳои гуногунро ба хотири болидагии руҳи кормандони он баргузор менамоянд ва заҳмати шабонарӯзии онҳоро қадршиносӣ карда, ин кохи нурро, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷикистонӣ мебошад, байни мардуми кишвар ва берун аз он мавриди таблиғу ташвиқ қарор медиҳанд.
Таъкид карда шуд, ки воқеан Неругоҳи барқии обии «Роғун» ба як мактаби бузурги дӯстиву бародарӣ ва сулҳофарӣ табдил ёфтааст ва боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ки ин сифатҳо ба арзишҳои Наврӯз тавъам мебошанд.
Бо ифтихор иброз гардид, ки бо Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шукуҳу нусрати хосса дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва Сарвари давлат Наврӯзро «Шоҳномаи шаҳриёрони миллат, таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсозӣ тоҷик» номиданд.
Дар қисмати фарҳангӣ санъаткорон бо рақсу сурудҳои дилнишин ва мутантан хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.
Дар анҷом аз номи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолону собиқадорони ҳизб бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, ба чанд нафар аъзои ба тозагӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон










Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи «Роғун» аз хобгоҳи бунёднамудаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» боздид намуданд
«ИСТИҚЛОЛ» — ЗУҲУРОТИ НАВИ АМЕТИСТ. Он бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст
Китоби нав таҳти унвони «Роғун» ба табъ расид






