Аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо модарони собиқадор дидорбинӣ намуданд

Март 8, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ва бахшида ба Рӯзи Модар раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода ва раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ба дидорбинии модарони рӯзгордидаи калонсоли шаҳри Левакант ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рафтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Ҳайати меҳмонон ба дидорбинии Дурбӣ Қаландарова, сокини Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант рафта, бо   аҳвол ва шароити зиндагияш шинос шуданд. Зимни суҳбат аён гардид, ки ин зани рӯзгордида  98-сола буда, соҳиби 9 фарзанд, набераю абераҳо мебошад.

Дурбӣ Қаландарова  солиёни зиёд бо хонаводааш барои афзун гардидани маҳсулоти кишоварзӣ, аз гардиши кишоварзӣ дур намондани заминҳо ва пешрафти соҳаҳои гуногуни   шаҳри Левакант меҳнат намудааст. Ҳоло бо фарзандону наберагонаш давлати пирӣ меронад.

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон инчунин ба дидорбинии сокини Ҷамоати деҳоти Навободи   ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маъмура Саидова, ки  ӯ низ    98-сола мебошад,   рафта,   бо ӯ суҳбати самимона намуданд.

Маъмура Саидова аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва марҳилаҳои душвори зиндагӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки     мо шоҳиди талошҳои хастагинопазири  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳу субот ва   фароҳам овардани шароити хубӣ зиндагӣ ба мардум ҳастем.

«Фарзандони ман ҳамаашон оиладор ва фарзанддору наберадор мебошанд. Ҳоло ҳам онҳоро таъкид менамоям, ки дар зиндагӣ рафтору гуфтори хуб  дошта бошанд ва ҳамеша   барои ободии Ватан хизмат намуда, ба қадри заҳматҳои Пешвои миллат бирасанд»,-гуфт Маъмура Саидова.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,  кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳри Левакант ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба модарон кумаки пулӣ ва моддӣ   расонида шуд.

Зан-Модар олиҳаи меҳру муҳаббат буда,  дар зиндагӣ барои фарзандон роҳнамо мебошад. Модар бо муҳаббати бепоён ва сабр ба фарзандон таълим медиҳад, ки чӣ гуна ҳаёти солим ва босаодат дошта бошанд. Бузургии Зан-Модар дар он аст, ки ӯ на танҳо ба фарзандон, балки ба тамоми ҷомеа муҳаббат ва оромӣ мебахшад.

АКС: Кумитаи иҷрои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон дар вилояти Хатлон

Март 8, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»