Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор шуданд

Март 21, 2025 14:15

ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии «Аҳорун»  аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҳфили идона баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар оғоз намояндагон бо намоиши дастовардҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҳунарҳои зебо шинос шуда,  изҳор намуданд, ки аҷдододони соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл ба мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву руҳи зиндагисозаш гиромӣ доштаанд ва барои пойдории он талош намуданд.

Инчунин дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангии фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ» дар фазои идона чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили куҳанҷашни ниёгони пурифтихор — Наврӯзи байналамилалӣ баргузор карда шуд.

Дар намоиш дастовардҳои ҳунарӣ, косибӣ ва анвои гуногуни хӯрокҳо ва либосҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, ба фазои идона ҳусну таровати тоза зам гардид. Меҳмонони хориҷӣ аз давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва кишварҳои дигар намоишро тамошо намуда, бо таассуроти наҷиб ба он баҳои баланд доданд.

Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Умари Хайём»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ  ҷашни бошукуҳи наврӯзӣ баргузор гардид.

Дар он кулли сокинони ноҳия ҳунарҳои мардумии худро намоиш дода, Наврӯзро сазовор пешвоз гирифтанд.

Таъкид карда шуд, ки бо дастгириҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ шуд.

Наврӯз, ки соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсола аст, дар масири таърих аз тобишҳои сиёсии вақт эмин монда, ҳамчун суннати волои фарҳангӣ то ба имрӯз ҷашн гирифта мешавад.

Пайдоиш ва ташаккули он ба умқи дури таърих рафта, бо фарҳанги бузургу оламгири мардуми ориёитабор пайваст мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 21, 2025 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид