Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии «Аҳорун» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҳфили идона баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар оғоз намояндагон бо намоиши дастовардҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҳунарҳои зебо шинос шуда, изҳор намуданд, ки аҷдододони соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл ба мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву руҳи зиндагисозаш гиромӣ доштаанд ва барои пойдории он талош намуданд.
Инчунин дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангии фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ» дар фазои идона чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили куҳанҷашни ниёгони пурифтихор — Наврӯзи байналамилалӣ баргузор карда шуд.
Дар намоиш дастовардҳои ҳунарӣ, косибӣ ва анвои гуногуни хӯрокҳо ва либосҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, ба фазои идона ҳусну таровати тоза зам гардид. Меҳмонони хориҷӣ аз давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва кишварҳои дигар намоишро тамошо намуда, бо таассуроти наҷиб ба он баҳои баланд доданд.
Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Умари Хайём»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ ҷашни бошукуҳи наврӯзӣ баргузор гардид.
Дар он кулли сокинони ноҳия ҳунарҳои мардумии худро намоиш дода, Наврӯзро сазовор пешвоз гирифтанд.
Таъкид карда шуд, ки бо дастгириҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ шуд.
Наврӯз, ки соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсола аст, дар масири таърих аз тобишҳои сиёсии вақт эмин монда, ҳамчун суннати волои фарҳангӣ то ба имрӯз ҷашн гирифта мешавад.
Пайдоиш ва ташаккули он ба умқи дури таърих рафта, бо фарҳанги бузургу оламгири мардуми ориёитабор пайваст мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд






