Ба сатҳи кунунии шарикии гуногунпаҳлӯ ва муассири Душанбе ва Брюссел баҳои баланд дода шуд

Март 28, 2025 09:31

ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 март дар ҳошияи 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Ашқобод мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кая Каллас баргузор гардид. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ мусоҳибон ба сатҳи феълии шарикии гуногунпаҳлӯ ва муассири Душанбе ва Брюссел баҳои баланд дода, мавзӯоти зиёди мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла ҳамкорӣ дар амри тавлиди неруи сабз, вусъати долонҳои устувори нақлиётӣ, пешбурди иттисоли рақамӣ, такмили соҳаҳои кишоварзӣ ва маориф, ҳамчунин масоили амниятӣ ва мусоидат дар таҳкими марзҳо баррасӣ гардиданд.

Шарикӣ дар бобати муқовимат ба хатару таҳдидҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи муштараки тарҳҳои мушаххас дар самти энергетика як бахши муҳимми муҳокимаҳои ин гуфтушунидро ташкил дод.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 28, 2025 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд