Чӣ тавр дар Русия метавон алоқаро бо хона нигоҳ дошт

Март 18, 2025 14:35

ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба наздикӣ мавсими корӣ оғоз меёбад ва бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия хоҳанд рафт. Лекин аз соли равон дар ҳудуди Федератсияи Русия қоидаҳои нави хариди SIM-кортҳои маҳаллӣ амал мекунанд, раванди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо нисбатан мушкил гардид ва метавонад то як моҳ вақтро дар бар гирад. Дар ин муддат дар нигоҳ доштани алоқа бо наздикон ду опсияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» – «Россия Онлайн» ва «Россия Онлайн 2.0» кумак менамоянд.

Фарқи байни опсияҳо дар чист? 

Дар таркибу ҳаҷми хизматрасониҳое, ки ба бастаҳо дохил шудаанд. «Россия Онлайн» аз 5 Гб трафики интернет бо нархи 15 сомонӣ ва «Россия Онлайн 2.0» аз 15 Гб ва 15 дақиқа зангҳо ба рақамҳои Федератсияи Русия бо нархи 55 сомонӣ иборат аст. Ҳамин тавр, опсияи якум барои онҳое мувофиқ аст, ки нияти ба тариқи телефон зиёд суҳбат карданро надоранд. Опсияи дуюм имкон медиҳад, ки шабакаҳои иҷтимоию паёмрасонҳо зиёдтар истифода шуда, инчунин дар ҳудуди Федератсияи Русия зангҳо анҷом дода шаванд.

Умумияташон дар чист? 

Ҳарду опсия аз рӯи принсипи умумӣ фаъолият мекунанд: онҳо ба таври автоматӣ ҳамин ки муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шабакаи «МегаФон» дар Русия худро ба қайд мегирад, фаъол мегарданд. Барои ин кофист, ки занги нахустинро анҷом диҳед ё интернети мобилиро истифода баред. Раванди пайвастшавии автоматии опсияҳо метавонад аз якчанд дақиқа то ду соат вақт гирад. Ҳарду баста дар ҳамаи тарофаҳои оператор бо хизматрасонии фаъоли «Роуминги қулай» дастрас ҳастанд. Пайваст будан ё набудани хизматрасониро дар замимаи «МегаФон Life» метавон санҷид. Барои кор кардани он дар тавозун бояд 3 сомонӣ маблағ бошад. Муҳлати амали ҳарду опсия 30 рӯзро ташкил медиҳад, ин муддат барои ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба SIM-корти русиягӣ комилан кифоя аст. Дархост барои дидани бақияи бастаҳо ҳамон аст — *104#. Инчунин муштариён имкон доранд, ки опсияи заруриро пеш аз парвоз тавассути замимаи «МегаФон Life» пайваст намоянд.

Кадоме аз опсияҳо пайваст мешавад? 

Ин аз он вобаста аст, ки худи муштарӣ чиро интихоб менамояд. Агар ӯ ба Федератсияи Русия сафари кӯтоҳмуддат дошта бошад, ба ӯ бештар опсияи «Россия Онлайн» мувофиқ аст. Барои дастрас гардидани он кофист, ки тавозун бо маблағи аз 18 то 58 сомонӣ пур карда шавад. «Россия Онлайн 2.0» барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки дар Федератсияи Русия на камтар аз як моҳ мемонанд ва зангҳо ва интернети бештарро истифода бурданӣ ҳастанд. Барои интихоби ин опсия зарур меояд, ки тавозун ба маблағи зиёда аз 58 сомонӣ пур карда шавад.


Оё опсияро метавон иваз кард? 

Бале. Анҷоми ин амалиёт ба тариқи замимаи «МегаФон Life» ё бо ёрии USSD-дархостҳо имконпазир аст.

То харидани SIM-корти русиягӣ барои нигоҳ доштани алоқа тариқи онлайн бастаи заруриро интихоб намоед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Март 18, 2025 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад