Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Муҷассамаи гӯёи зиндагӣ» чорабинии идона баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки «модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, олиҳаи ҳусн, ҳаёти бардавом, асоси ҳастии мо, фарзандон, ишқи бепоён, баҳори бехазон, давлати ҷовидон аст. Таҷлили Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукуҳи хосса ҷашн гирифта мешавад, рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба зан -модар мебошад».
Таъкид шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақому манзалати занону духтарон дар ҷомеа ва барои соҳибмаълумот намудани онҳо тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардаанд.
Қобилҷон Хушвахтзода аз гуфтаҳои Сарвари давлат чунин иқтибос оварданд: «занону модарони ҷумҳурии азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд».
Дар идома як зумра занону духтарон барои хизматҳои арзанда дар соҳаи илм бо «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардиданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»






