Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷашни Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Ҷашнгоҳ бо тамоми унсурҳои ҷашни Наврӯз, аз қабили дастурхони наврӯзӣ, гӯшаҳои таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, намоиши бозиҳои варзишӣ, базми шеъру суруд, дастовардҳои илмӣ, гӯшаҳои маслиҳатдиҳӣ ва техникаҳои кишоварзӣ оро ёфта буд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлати тоҷикон дар эҳё ва зинда гардонидани ҷашни миллии тоҷикон- Наврӯз назаррасу шоиста буда, маҳз бо талошҳояшон Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. Бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар байни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.
Яке аз фазилатҳои дигари Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст. Имрӯз, ки табиат зинда гардидаву айёми кишту кор низ фаро расидааст, бо боварӣ гуфта метавонем, ки кишоварзони мамлакат бо заҳмати содиқона барои зиёд намудани майдони зироати кишоварзӣ, боғҳо ва истеҳсоли маҳсулот ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саъю талош менамоянд.
«Азхудкунии заминҳои бекорхобида, истифодаи оқилонаи обу замин, рӯёнидани ҳосили фаровон, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ ва дигар амалҳои ободонӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани ватанамон анҷом диҳем»,-гуфта шуд дар ҳамоиши идона.
АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд






