Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ – фароғатии маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Чорабинӣ бо боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ оғоз ёфта, ҳар як муассисаи таълимии ноҳия дастархони идонаи худро бо рамзҳои наврӯзии «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» оро ва намунаҳои гуногуни ҳунарҳои дастию хӯрокҳои миллиро намоиш дод.
Муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода иброз намуд, ки Наврӯз дар баробари ҷашни эҳёи табиат, мактаби бузурги ахлоқиву маънавӣ ба шумор рафта, инсонҳоро ба сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, покизагӣ ва накукорӣ ҳидоят менамояд.
Дар ин замина, аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, нақши Наврӯз дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва худшиносии ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.
Дар идомаи чорабинӣ як зумра омӯзгорони фаъоли ноҳия бо унвонҳои соҳавию ифтихорнома сарфароз гардонида шуда, ғолибони озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» бо диплом қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






