Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд

Март 25, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 март дар маркази маъмурии ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи зиёд таҷлил гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабар медиҳад, хурду бузург, пиру барно бо бар кардани либоси идона ба ҷашнгоҳ ҳозир гардида, шодию хурсандӣ намуданд.

Ҳар ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастранҷи худро пешкаши иштирокдорон намуданд.

Сокинони ноҳия дар тантанаи ҷашни Наврӯз дастархони идона густурда, тамоми суннату анъанаҳои ҷашниро манзури иштирокчиён гардониданд.

Воқеан, ҷашни Наврӯз таърихи куҳан ва рамзи дӯстию рафоқатро ифода карда, бо омад- омади баҳор ба диёри хушманзари тоҷикон файзу баракат ва шодию сурур меорад. Баъди тамошои намоиши дастархони идонаи наврӯзӣ раиси ноҳия сокинон ва иштирокчиёни чорабиниро табрик гуфт.

Барномаи фарҳангии аҳли ҳунари ноҳия табъи ҳозиринро шоду масрур намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Март 25, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд