Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» ғурфаи Тоҷикистон ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 12 март дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус Намоишгоҳи 32-юми байналмилалии «Китоби Минск» ҷараён дорад, ки то 16 март идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ин намоишгоҳ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус ғурфаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.
Дар ғурфа китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, теъдоди зиёди китобҳои тозанашри олимону адибони Тоҷикистон аз муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи «Энсиклопедияи миллии тоҷик», нашриёти «Адиб» ва «Ирфон» ба намоиш гузошта шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки ғурфаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи китобдӯстони беларусӣ қарор гирифтааст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус/БелТА























Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






