Дар ноҳияи Муъминобод Рӯзи Модар хотирмон таҷлил гардид

Март 9, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 09.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Модар чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт ва чароғи хонадон буда, барои тарбияи фарзанд масъул мебошад. Танҳо бо меҳру муҳаббат, сухани нарму зебои модар фарзандон дар роҳи хештаншиносӣ ба воя мерасанд. Ин матлаб зимни баргузории ҳамоиши идона дар ноҳияи Муъминобод баён гардид.

Гуфта шуд, ки занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда нақши  хеле муҳим доранд,  зеро давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занонро ҳамчун неруи  пешбаранда ва ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки фаъоли онҳоро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ зарур медонад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «модарон меҳрафзо ва машъали тобон, занон хонахудои дудмон ба шумор мераванд. Номи Зан-Модар муқаддасу гиромӣ аст, занон бо меҳри модариашон ба тарбияи фарзандон ва устувор намудани хонадон машғул гардида, таҳкими оила ва баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мепиндоранд ва бо офият, самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофаташон номи зан- модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 9, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»