Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд

Март 7, 2025 08:41

ДУШАНБЕ, 07.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 6 март бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Шурои ҷамъиятии назди Сафорат бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Зимни ҳамоиш Роҳбари намояндагии дипломатӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2009 ба ин ҷашни муборак шукуҳу шаҳомати тоза бахшида, онро Рӯзи Модар эълон намуданд.  Аз ҳамон сол инҷониб 8 март дар Тоҷикистон маъною ҳикмате фаротар аз як ҷашнро гирифта, ба муқаддасоти ҳар фарду хонаводаи ҳаммеҳанони мо табдил ёфт, ки бе баҳс, дар тарбияи ҷомеа нақши муассир мебозад.

Иброз шуд, ки саҳми занони тоҷик дар рушду шукуфоии Ватани азизамон бисёр муҳим ва бузург буда, махсусан дар низоми роҳбарикунанда ва бахшҳои сиёсию иҷтимоии ҳузури фаъоли онҳо эҳсос мешавад.

«Зан — Модар рисолати зебоӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш дошта, тамоми зебоиҳо, покизагӣ, фатҳу кушоиш ва меҳру муҳаббат аз дастони муъҷизакораш оғоз мегардад. Аз ин бармеояд, ки Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар муқоиса бо ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад», — гуфта шуд дар ҳамоиш.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Март 7, 2025 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»