Дар шаҳри Бохтар доир ба нақши занон ҳамоиш доир шуд

Март 6, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 06.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Занону модарони тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ барои ҳастии забон, пойдории миллат ва рушди фарҳанги миллӣ хизматҳои шоён намудаанд. Дар Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоӣ оид ба баланд бардоштани мақому мартабаи шоистаи занон, таҳкими қадру манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо аз оғози даврони истиқлолият то имрӯз санадҳои зиёд қабул шуда, мавриди татбиқ қарор доранд.  Ин матлабро зимни баргузории ҳамоиш  таҳти унвони «Модар — сароғози ҳастии башар» ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода баён намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Бохтар иттилоъ доданд, дар ҳамоиш вобаста ба қадру манзалати Зан-Модар сухан гуфта шуд.

Иброз гардид, ки рушди муназзаму устувори ҷомеа бе иштирок ва саҳми фаъоли занону духтарон ғайриимкон аст. Занон дар  Тоҷикистон дар корҳои давлатдорӣ, сиёсат, соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ фаъол буда, вазифаҳои масъулро ба уҳда доранд. Ин аст, ки фаъолияти занони тоҷик дар ҷомеа хеле  арзишманд арзёбӣ мегардад.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Март 6, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Модари ҷоизадори бозиҳои олимпӣ Темур Раҳимов: «Модарон барои тарбияи фарзандони хубу номбардори миллат заҳмати сангинро паси сар менамоянд»
Дар Тоҷикистон 71 фоизи кормандони соҳаи тибро занон ташкил медиҳанд
Президенти Тоҷикистон: «13 ҳазор нафар духтарони тоҷик дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд»
Шаъмигули Карим: «Ронанда шудан орзуи даврони кӯдакиам буд»
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оид ба нақши Модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар ноҳияи Муъминобод Рӯзи Модар хотирмон таҷлил гардид
Зан – Модар сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва нуру зиёи зиндагӣ аст
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зан-метеорологҳо нақши муассир доранд
Рӯзи Модарро дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ таҷлил намуданд
«МОДАР ВАТАН АСТУ ХУД ВАТАН МОДАРИ МОСТ!». Зан-Модар дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад
Барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ барномаи идонаи бошукуҳ доир гардид