Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи варзишӣ оид ба теннис идома дорад
ДУШАНБЕ, 17.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи варзишӣ оид ба теннис идома дорад. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқа ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор шуда, ҳадафи он таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории варзишӣ байни давлатҳои ҳамсоя мебошад.
Мусобиқа 15 март оғоз гардида, дар он теннисбозони беҳтарин барои дарёфти ҷоизаҳо то 19 март рақобат менамоянд.
Бояд гуфт, ки теннис яке аз намудҳои шуҳратёфтаи варзишӣ буда, аз асрҳои гузашта то ҳол рушду пешравии зиёд дорад. Теннис варзиши шавқовар буда, ба саломатӣ, бахусус системаи дилу рагҳо таъсири хуб мерасонад.
Теннис ба инкишофи ҷисмонӣ, беҳтар гардидани саломатӣ ва истироҳати хуб мусоидат менамояд. Ба он дар ҳамаи синну сол ва дар тамоми фаслҳо бозӣ кардан мумкин аст. Аввалин қоидаҳои тенниси имрӯзаро соли 1873 Уолтер Уингфилд ном англис мураттаб сохта буд. Дар бозӣ аз ду тараф яккасӣ ё дукасӣ- мардон ё занон иштирок мекунанд.
Ба туфайли ҳаракатҳои фаъоле, ки ҳангоми бозӣ тағйир меёбанд (давидан, ҷаҳидан, задани тӯб, истодан) фишори хун муътадил шуда, кори дил мустаҳкам мегардад.
Бозии теннис барои беҳтар кардани кори чашм низ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






