ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар шаҳри Роғун барои овоздиҳии шахсони маъюб ва бемор қуттиҳои сайёр ташкил гардид

РОҒУН, 02.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Роғун 22 участкаи интихоботӣ ва 31 ҳавза ташкил гардида, шумораи интихобкунандагон 24 ҳазору 33 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 1119 нафар маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд. Дар ин хусус раиси комиссияи вакилони маҳаллии халқи шаҳри Роғун Убайдулло Ҳасанов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддин Маҳмуд хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар участкаҳои интихоботии шаҳри Роғун барои 251 нафар шахсони бемору маъюб шароити овоздиҳӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, барои маъюбоне, ки бо аробача меоянд, дар участкаҳои интихоботӣ гузаргоҳ ва роҳравҳои махсус ташкил гардидааст. Барои нафарони маъюбу беморе, ки имкони ба участкаҳои интихоботӣ омадан надоранд, қуттиҳои сайёр ташкил гардидааст, ки онҳо дар хонаҳояшон метавонанд ба тарафдории номзадҳои арзандаи худ овоз диҳанд.
Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо риояи қонунҳои амалкунанда баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳр тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Аз ҷумла, дар участкаҳои овоздиҳӣ дастурамалу низомномаҳо, роҳнамо, нақшаи чорабинии тақвимӣ омода ва дастраси шаҳрвандону сохторҳои низоми интихоботӣ гардонида шудааст.
Раиси комиссияи учаскаи интихоботии №56-и шаҳри Роғун Парвина Иброҳимзода иброз дошт, ки дар участкаи мазкур 2444 нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 80 нафар маротибаи аввал дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок менамоянд.
Дар учаскаи интихоботии №56-и шаҳри Роғун нуқтаи тиббӣ, хонаи модару кӯдак, роҳрав барои маъюбон, ҳуҷраҳои раъйдиҳӣ ва дигар имкониятҳои хуб муҳайё карда шудааст, ки интихобкунандагон аз он истифода мебаранд.
«Бо боварии комил гуфта метавонам, ки сокинони шаҳри Роғун дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъолона иштирок намуда, номзади арзандаи худро интихоб менамоянд»,-гуфт Парвина Иброҳимзода.
Сокини шаҳри Роғун Масрур Асомиддинзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки нахустин маротиба дар ин маъракаи сиёсии ҷумҳурӣ иштирок менамояд.
«Аз нигоҳи ман иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ масъулияти ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чунки мо барои панҷ соли оянда вакилонро интихоб менамоем ва бо иштироки фаъолонаи хеш метавонем барои вакил гаштани беҳтарин номзадҳо саҳм гузорем»,- афзуд Масрур Асомиддинзода.
Субҳониддин МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»