Дар Тоҷикистон 71 фоизи кормандони соҳаи тибро занон ташкил медиҳанд

Март 10, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 10.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 март дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар иброз намуданд, ки  71 фоизи кормандони соҳаи тибро занон ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин Сарвари мамлакат дар ҷараёни суханронӣ баён намуданд, ки то имрӯз даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла стратегияву барномаҳои соҳаи тандурустӣ ва нақшаҳои миллӣ қабул гардидаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи солимии занон ва модарону кӯдакон мебошад.

«Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд», — чунин гуфтанд Пешвои миллат.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд низ торафт зиёд мешавад.

Аз шумораи умумии 658 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 238 нафарашон, яъне 36 фоиз занон мебошанд. Соли 2024 шумораи роҳбарони марказҳои саломатии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ 1075 нафарро ташкил дод, ки 435 нафар, яъне 40,5 фоизи онҳо занон мебошанд.

Инчунин дар дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 нафар кадрҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 5 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 10, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад