Дар Тоҷикистон «Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ» таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 03.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон талош дорад, ки дар натиҷаи ба истифода додани роҳҳои босифат ва замонавӣ шумораи фавт ва ҷароҳатҳои вазнинро ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ аз байн барад. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Душанбе дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ»/ «БРАМОМ-4»/- и назди Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш яке аз тадбирҳои муҳим дар самти таҳияи «Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Нақшаи амали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2035» мебошад. Ин санад ба коҳиши назарраси ҳодисаҳои фавт ва ҷароҳатбардории одамон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ равона шудааст.
Стратегияи нав ба таъсиси шабакаи нисбатан бехатари нақлиёти автомобилӣ тавассути истифодаи дастовардҳои илмӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ нигаронида шудааст. Иштирокдорони ҳамоиш атрофи вазъи кунунии бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон, мушкилоти асосӣ ва афзалияти стратегӣ, суғуртакунии масъулияти шаҳрвандии ронандагон барои расидан ба мақсади ниҳоӣ – қабули ин ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ табодули назар намуданд.
Ҷонибҳои манфиатдор масъалаҳои инфрасохтори бехатарии роҳ, стандартҳои воситаҳои нақлиёт, идоракунии суръати ҳаракат дар роҳ ва фаъолият пас аз ҳодисаҳои роҳу нақлиётро баррасӣ намуданд. Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ ба татбиқи раванди «Маҷмуи бехатарӣ» дар мамлакати мо тибқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, аз ҷумла чуноне дар барномаи Даҳсолаи дуюми амалиёти Созмони Милали Муттаҳид оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ гуфта шудааст, мусоидат менамояд.
Таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар ин самт таҳкими ҳамоҳангсозии институтсионалӣ, такмили низоми рақамии маълумот оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ва таъмини маблағгузории устувор барои навсозии инфрасохтор ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дар бар мегирад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






