Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик давоми тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда буда, ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бошарафона идома мебахшад. Ин аст, ки имрӯз дар вилояти Суғд занони зиёде дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва мақомоти давлатӣ фаъолият менамоянд. Дар ин хусус 6 март зимни баргузории ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор намуд, ки Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад. Ӯ аввалин шахсест, ки бо муҳаббати пок ва меҳрубонии бекаронаш дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш дода, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ роҳнамоӣ менамояд.
Дар ҳамоиш баён гардид, ки имрӯз модари тоҷик дар баробари иҷрои рисолати аслӣ- тарбияи насли ояндасоз, инчунин сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне дар ободии мамлакат саҳми басе арзишманд дорад.
Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаю шукуҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишони эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон мебошад. Зеро нақши занон дар ободии хонадон, тарбия намудану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу ахлоқ, парвариши эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ беназир аст.
Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардида, дар васфи бузургию меҳрубониҳои Модар сурудҳо танинандоз шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»






