ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ 1350 бех ниҳол шинонида шуд

Март 15, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  давраи то соли 2040», инчунин иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дар мавзеи «Сариосёб»-и  шаҳри Кӯлоб  1350 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1350 бех ниҳоли дарахтони шинонида 400 бехро ниҳоли дарахти шулаш, 350 бехро ниҳоли ақоқиё ва 600 бехро ниҳоли дарахтони сӯзанбарг ташкил медиҳанд.

Ниҳолҳои дарахтон  бо тарзу усули хос ва риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуданд.

Ҳашарҳои ободонию сабзазоркунӣ дар минтақаи Кӯлоб  пайваста доир шуда, ҳадафи асосии онҳо беҳбуд бахшидан ба муҳити зист ва сарсабзу хуррам гардонидани  шаҳри Кӯлоб мебошад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар