Даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) оғоз шуд. Тибқи тартиби муқарраргардида, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) даври якуми бақайдгирии (номнависии) довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ амалӣ менамояд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имсол дар 43 шаҳру ноҳияи мамлакат 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаи сайёри бақайдгирӣ амал менамоянд.
Мувофиқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирӣ бо ҳузури довталаб ва хоҳиши ӯ, новобаста аз ҷойи истиқоматаш дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи мамлакат гузаронида мешавад.
Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода 4 феврал зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки имсол даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ то 30 апрел идома меёбад.
Тибқи тартиби наве, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардидааст, имсол якчанд даври бақайдгирии довталабон гузаронида мешавад. Баъд аз бақайдгирии довталабон дар даври асосӣ даврҳои иловагии он моҳи июн, моҳи сентябр ва аз 29 октябр то 7 декабр гузаронида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






