Душанбе ва Бишкек робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуданд

Март 13, 2025 14:15

ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон Созишнома дар бораи истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Бишкек ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар доираи ин созишнома аз ин ба баъд пойтахтҳои ду давлат дар асоси баробарӣ, боварии ҳамдигарӣ ва манфиатҳои тарафайн дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, иттилоот ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳамкории судмандро амалӣ менамоянд.

Мавриди таъкид аст, ки бо истиқрор гардидани робитаҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳри Бишкек шумораи бародаршаҳрҳои Душанбе ба 23 шаҳр расид.

Ин созишнома имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз шаҳри Душанбе аъзои Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналмилалии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер-Душанбе-бародаршаҳрҳо ва Ташкилоти ҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ буда, бо шаҳрҳои қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо муносибати дӯстона барқарор намудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Март 13, 2025 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд