«E-license». Иқдоми нав ба сӯи рақамикунонӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 27.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон раванди иҷозатномадиҳӣ ба тариқи платформаи «e-license» амалӣ карда шуд. Он бо мақсади иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии давлатӣ, инчунин стратегияи рақамикунонӣ амалӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Ин платформа раванди гирифтани иҷозатномаҳоро барои истифодабарандагони манбаъҳои ионофар сода, шаффоф ва осон мегардонад. Бо истифода аз «e-license» ҳуҷҷатгузорӣ ва муроҷиатҳо ба таври электронӣ (онлайн) амалӣ гардида, зарурати ҳузури ҷисмонӣ аз байн меравад ва вақт сарфа мешавад. Ин иқдом қисми талошҳои давлат барои рушди ҳукумати электронӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат аст, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид гардидааст.
Дар доираи сиёсати рақамикунонӣ ташаббусҳое, чун таъсиси низомҳои электронии хизматрасонӣ ба соҳаи иҷозатномадиҳӣ ва афзоиши дастрасии хизматрасониҳо ба шаҳрвандон мусоидат менамоянд. Инчунин ин иқдом ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мувофиқ буда, яке аз ҳадафҳои асосии он муосирсозӣ ва рақамикунонии идораҳои давлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои илмии он мебошад.
«Бо ин иқдом мо на танҳо супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иҷро менамоем, балки барои ояндаи дурахшон ва ҷалби сармоягузорон ба Тоҷикистон саҳм мегузорем»,-иброз намуд мудири шуъбаи таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва иҷозатномадиҳии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аниса Наҷмиддинова.
Воқеан «e-license» на танҳо ба осон кардани раванди гирифтани иҷозатномадиҳӣ барои мардум мусоидат менамояд, балки дар таҳкими давлати муосир ва ҷалби ҷаҳониён ба ин сарзамин замина мегузорад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






