«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР». Дар меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ аз меъёрҳои он истифода шудааст

ДУШАНБЕ, 02.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 дар иртибот ба Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир чунин иброз намуданд: «Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд».
Пешниҳоди Сарвари давлат муҳим ва хеле саривақтӣ мебошад. Зеро агар ба таърихи давлатдории халқи тоҷик назар намоем, маълум мешавад, ки яке аз санадҳои муҳими таърихие, ки фарогири масъалаҳои марбут ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маҳсуб мешавад. Эъломия аз арзишҳои бузурги таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик ба шумор меравад.
Ба андешаи мудири бахши қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Ализода, ҳоло агар меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва байналмилалиро таҳлил намоем, аён мегардад, ки дар онҳо аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир истифода гардидааст. Ин, албатта, боиси ифтихори мо – халқи тамаддунофари тоҷик мебошад. «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон тавассути қонуни асосии худ эълон дошт, ки ҷомеаи адолатпарвар бунёд менамояд. Ҷомеае, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитриаш дахлнопазиранд. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар мадди аввал қарор дода, боби дуюми он ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки аз калонтарин бобҳои Конститутсия ба шумор рафта, фарогири 34 модда мебошад. Аз ин рӯ, Конститутсияи Тоҷикистонро метавон Конститутсияи инсондӯстона арзёбӣ намуд»,-изҳор медорад Дилшод Ализода.
Бояд гуфт, ки ҳуқуқ ба муроҷиат яке аз ҳуқуқҳои муҳимми инсон ва шаҳрванд маҳсуб шуда, воситаи асосии барқарор кардани ҳуқуқу озодиҳо ё манфиати қонунии вайронгардида ба ҳисоб меравад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ин ҳуқуқро кафолат медиҳад. Ҳамзамон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсаду мазмуни қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатиро ташкил медиҳанд.
Тибқи моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.
Тавре Дилшод Ализода иброз медорад, яке аз санадҳои қонунгузории муҳимме, ки муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилот, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ирсол гардидаанд, танзим менамояд, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мебошад. Қонун аз тарафи Парлумон қабулу ҷонибдорӣ гардида, 23 июли соли 2016 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Он аз 5 боб ва 28 модда иборат мебошад.
Бори нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» 14 декабри соли 1996 қабул гардид, ки аз 25 модда иборат буд. Қонун тартиби бо таклифу аризаҳо ва шикоятҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият муроҷиат намудани шаҳрвандон ва тартибу муҳлати баррасии муроҷиатҳои онҳоро муқаррар намуд.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, фарқияти Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз қонуни қаблӣ «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», пеш аз ҳам, дар номи онҳо дида мешавад. Яъне, қонуни қаблӣ танҳо муроҷиатҳои шаҳрвандон ва тартибу муҳлати баррасии муроҷиатҳои онҳоро танзим менамуд. Қонуни амалкунанда доираи субъектони муроҷиатро васеъ намуда, дар баробари шаҳрвандон, аниқтараш шахсони воқеӣ шахсони ҳуқуқӣ низ ҳуқуқи муроҷиат ба ин ё он мақомотро пайдо намудаанд. Тибқи қонуни амалунанда, таҳти мафҳуми «муроҷиаткунанда» шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё намояндаи қонунии ӯ, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар муроҷиат намудааст, фаҳмида мешавад.
«Дар қонуни амалкунанда муқаррар гардид, ки баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба принсипҳои қонуният, адолат, баробарӣ дар назди қонун, инсондӯстӣ, ошкорбаёнӣ, илмият, талаботи ягона ба муроҷиатҳо, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шахсони муроҷиаткунанда, пурра, ҳамаҷониба, холисона ва дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ кардани муроҷиатҳо ва шаффофияти фаъолият ҳангоми баррасии муроҷиатҳо асос меёбад. Чунин принсипҳо дар қонуни қаблӣ дида намешуд. Инчунин дигар тафовутҳо дида мешаванд»,-иброз медорад Дилшод Ализода.
Боби 2-юми қонуни амалкунанда масъалаҳои кафолати ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба муроҷиат, боби 3-юм ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва талабот ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, боби 4-ум тартиби пешниҳоди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва баррасии онҳоро танзим менамояд. Қонуни мазкур ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ додааст, ки шахсан ё якҷоя бо дигарон ва ё тавассути намояндагони ваколатдори худ дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор муроҷиат намоянд.
Мувофиқи моддаи 8-и ин қонун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки матни муроҷиатҳои хаттӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашударо дар шакли хондашаванда пешниҳод намоянд; ба шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдори дигар боэҳтиромона муносибат намоянд, ба истифодаи ифодаҳои қабеҳу таҳқиркунанда, таҳдид ба ҳаёту саломатӣ ва молу мулки шахси баррасикунандаи муроҷиат ё аъзои оилаи он роҳ надиҳанд, инчунин уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи ин қонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намоянд.
Моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қабули шахсӣ ном дошта, тибқи он дар мақомоту ташкилоти дахлдор маҳал, рӯз ва соати қабули муроҷиаткунандагонро роҳбарони он муайян мекунанд. Шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдор уҳдадор ҳастанд, ки дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор муроҷиаткунадагонро шахсан қабул намоянд.
Қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (намояндагони онҳо) дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоту ташкилоти дахлдор дар рӯз ва соати муайянгардида тибқи ҷадвали қабул гузаронида мешавад. Ин иттилоъ бояд тавассути дар лавҳаи эълонҳо насб намудани ҷадвали қабул, ҷойгир намудани он дар сомонаҳо ва воситаҳои дигари техникӣ дастраси шаҳрвандон бошад.
«Шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда ҳуқуқ надоранд қабули шахсони воқеӣ ва намояндаи шахсони ҳуқуқиро рад намоянд, агар масъалаҳои дар муроҷиат гуфташуда ба салоҳияти ҳамин мақомоту ташкилот мансуб бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қаблан зимни қабули шахсӣ муроҷиати муроҷиаткунанда айнан бо ҳамин мазмун ҳал гардида, дар ин хусус ӯ хабардор бошад ё ин ки тавассути мактуб ҷавоб (муроҷиати такрорӣ) ирсол гардида бошад. Ҳамзамон зарур аст, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз ҷониби шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдори мақомоту ташкилоти дахлдор, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муроҷиатҳоро моҳиятан баррасӣ менамоянд, риоя гардида, дар муҳлатҳои муқарраршуда ба муроҷиатҳо посух диҳанд»,-иброз менамояд Дилшод Ализода.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандонро тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2017 дар бораи «Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ монда, фаъолияти он ҳамарӯза таҳти назорати роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дилшод Ализода вобаста ба пешниҳоди таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аз ҷониби Президенти Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун пешниҳодҳои қаблӣ аз ҷониби ЮНЕСКО- ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бо иттифоқи оро пазируфта мешавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии муаллиф