ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд

Март 17, 2025 14:55

ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати доварон аз Ҷумҳурии Узбекистон ҳакамӣ менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Довари ФИФА Рустам Лутфуллин довари марказӣ хоҳад буд. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Санҷар Шоюсупов ва Акмал Ғиёсов кумак менамоянд. Вазифаи довари эҳтиётӣ бар дӯши довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона банйи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларус 20 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад. Нархи чипта 20 сомонӣ мебошад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 17, 2025 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд