Моҳи март бахшида ба Ҷашни байналмилалалии Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир мегарданд

Март 11, 2025 16:14

ДУШАНБЕ, 11.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалалии Наврӯз моҳи март дар Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир шуда, дар он варзишгарони давлатҳои гуногун иштирок менамоянд.

Аз ҷумла, 15 март дар шаҳри Хуҷанд баргузории Дави дӯстии наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ дар масофаи то 5 километр бо иштироки 40 нафар варзишгарон аз Узбекистон ва Қирғизистон, 10-12 март дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ»-и вилояти Суғд баргузории Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи варзишӣ аз намуди камонварӣ бо иштирок 40 нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 26 нафар  аз ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон 15-19 март дар шаҳри Хуҷанд баргузории Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи варзишӣ аз намуди теннис бо иштироки 26  нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 12 нафар аз  ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон дар назар дошта шудааст.

Инчунин аз 10 то 14 март дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи варзишӣ аз намуди шиноварӣ бо иштироки зиёда аз 80 нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 36 нафар аз  ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад.

Аз 11 то 13 март дар майдони варзишии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузории Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи пойгаи аспдавонӣ бо иштироки 124 нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 59 нафар аз ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.

16-17 марти соли 2025 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузории Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ бо иштироки 67  нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 33 нафар аз кишварҳои  Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Федератсияи Русия дар назар аст.

25-27 март дар Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан баргузории Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ бо иштироки 67 нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 33 нафар аз давлатҳои Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Федератсияи Русия ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 23 то 26 март баргузории Мусобиқаи байналмилалии варзиши сайёҳӣ аз намуди роҳгардии сайёҳӣ бо иштироки 55 нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 33  нафар аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Эрон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон аз 14 то 16 март дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи футболи хурд бо иштироки 16 даста ва 240  нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 8 даста ва 120 нафар аз ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад.

12-14 марти соли 2025 дар шаҳри Исфара баргузории Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи волейболи духтарона бо иштироки 4 даста ва 60  нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 2 даста ва 30 нафар аз ҷумҳуриҳои Узбекистону Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 3 март дар шаҳри Исфара Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи шоҳмот бо иштироки 20 нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 10 нафар аз ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон баргузор карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2025 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад