Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 19 дараҷа гарм мешавад

Март 23, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 23.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво рӯзона то 19 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 дараҷа гарм ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.

Март 23, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад